https://sputnik.tj/20250314/chin-sozish-marz-tojikiston-qirghiziston-istiqbol-kard-1066570258.html
Чин аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кард
Чин аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Чин, Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи байналмилалӣ табрик кард
2025-03-14T16:30+0500
2025-03-14T16:30+0500
2025-03-14T18:55+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
чин
сиёсат
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:61:3071:1788_1920x0_80_0_0_ec6937e7ad2df19e1c004f6b014ace73.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мақомоти Чин аз созишномаи таърихии сарҳадӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон имзо кардаанд, пуштибонӣ мекунанд.Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Нин зимни брифинг изҳор дошт. Мао Нин таъкид кард, ки Пекин нақши калидии Раҳмон ва Ҷабборовро дар ҳалли баҳсҳо тавассути машваратҳои осоишта баҳои баланд медиҳад. Вай қайд кард, ки Чин нисбат ба ин ҷумҳуриҳо сиёсати дӯстона пеш мебарад ва бо онҳо муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ барқарор мекунад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 март баъди тақрибан 23 соли музокироти кишварҳо дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров дар Бишкек созишномаи марзи давлатиро имзо карданд. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду ҷумҳурӣ бо истифодаи аз силоҳи оташфишон шудааст. Охирин муноқишаи марзӣ тирамоҳи соли 2022 рух дод.
https://sputnik.tj/20250314/vukh-rusiya-imzoi-sozishnoma-marz-tojikiston-qirghiziston-istiqbol-1066563657.html
қирғизистон
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ab40437ce0e85babdf730b6bfe611385.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин тоҷикистон марз чин
Чин аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кард
16:30 14.03.2025 (Навсозишуда: 18:55 14.03.2025) Вазорати умури хориҷии Чин, Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи байналмилалӣ табрик кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мақомоти Чин аз созишномаи таърихии сарҳадӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон имзо кардаанд, пуштибонӣ мекунанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Нин зимни брифинг изҳор дошт.
"Чин Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо имзои созишномаи байналмилалӣ табрик мекунад. <…> Ин ба сулҳ, субот, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа мусоидат мекунад", - гуфт ӯ.
Мао Нин таъкид кард, ки Пекин нақши калидии Раҳмон ва Ҷабборовро дар ҳалли баҳсҳо тавассути машваратҳои осоишта баҳои баланд медиҳад.
Вай қайд кард, ки Чин нисбат ба ин ҷумҳуриҳо сиёсати дӯстона пеш мебарад ва бо онҳо муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ барқарор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 март баъди тақрибан 23 соли музокироти кишварҳо дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров дар Бишкек созишномаи марзи давлатиро имзо карданд.
Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду ҷумҳурӣ бо истифодаи аз силоҳи оташфишон шудааст. Охирин муноқишаи марзӣ тирамоҳи соли 2022 рух дод.