https://sputnik.tj/20250312/sarhad-tojikiston-qirghiziston-boz-meshavad-1066538615.html
Маълум шуд, кай сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад
Маълум шуд, кай сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳокимони Суғду Бодканд, барои кушодашавии марз дар назди гузаргоҳҳои наздимарзии “Гулистон” -и Исфара ва “Қизил Бэл” -и Бодканд омодагӣ мегиранд 12.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-12T14:52+0500
2025-03-12T14:52+0500
2025-03-12T15:40+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
суғд
бодканд
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ,12 мар – Sputnik. Қарор аст пагоҳ гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон расман кушода шаванд. Дар ин бора манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд. Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло раисони навоҳии наздимарзии Суғду Ботканд дар марз ҷамъ омада барои боз намудани марзҳо омодагӣ мебинанд.Ин иттилоъро дар ҳукумати шаҳри Исфара ҳам ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2021 марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ баста аст. Тоҷикистону Қирғизистон беш 970 километр марзи муштарак доранд, ки бештари он дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Бодканд мавҷуд аст. Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон як моҳ қабл санади муайянкунии марзи давлатиро ба анҷом расониданд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки “мо мубодилаи одилона анҷом додем”. Кушодашавии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон роҳи муҳими рушду густариш додани тиҷорат миёни ин ду кишвари ҳамҷавор ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20250312/rahmon-qirghiziston-safar-kard-1066538326.html
қирғизистон
суғд
бодканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, суғд, бодканд, марз
дар тоҷикистон, қирғизистон, суғд, бодканд, марз
Маълум шуд, кай сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад
14:52 12.03.2025 (Навсозишуда: 15:40 12.03.2025) Эксклюзив
Ҳокимони Суғду Бодканд, барои кушодашавии марз дар назди гузаргоҳҳои наздимарзии “Гулистон” -и Исфара ва “Қизил Бэл” -и Бодканд омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ,12 мар – Sputnik. Қарор аст пагоҳ гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон расман кушода шаванд.
Дар ин бора манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло раисони навоҳии наздимарзии Суғду Ботканд дар марз ҷамъ омада барои боз намудани марзҳо омодагӣ мебинанд.
"Дар назар аст, ки пагоҳ 13 март гузаргоҳҳои наздимарзӣ аз ду ҷониб бо ҳузури масъулони баландмақоми давлатӣ ва мақомоти сарҳадбонии ду кишвар расман ифтитоҳ карда шаванд”, - гуфт манбаъ.
Ин иттилоъро дар ҳукумати шаҳри Исфара ҳам ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2021 марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ баста аст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш 970 километр марзи муштарак доранд, ки бештари он дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Бодканд мавҷуд аст.
Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон як моҳ қабл санади муайянкунии марзи давлатиро ба анҷом расониданд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки “мо мубодилаи одилона анҷом додем”.
Кушодашавии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон роҳи муҳими рушду густариш додани тиҷорат миёни ин ду кишвари ҳамҷавор ба ҳисоб меравад.