Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон отбыл с государственным визитом в Кыргызскую Республику
Эмомали Рахмон отбыл с государственным визитом в Кыргызскую Республику - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2025
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои анҷоми як сафари давлатӣ ба ҷумҳурии ҳамсоя рафт
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин сафари давлатии президент ба Қирғизистон мебошад.
Манбаъ афзуд, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари давлатро сарвазир ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Зимнан, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро як ҳайати калони расмӣ иборат аз роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (слева) и Президент Киргизии 	Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ва Ҷабборов имкон дорад дар Бишкек созишномаи марзиро ба имзо расонанд
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон ду рӯз: 12 ва 13 март идома мекунад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни ин чорабинӣ масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар чаҳорчӯби ин сафар, раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Бишкек созишномаи марзиро имзо мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон.
Лентаи хабарҳо
0