https://sputnik.tj/20250311/rahmon-jabborov-bishkek-sozishnomai-marziro-imzo-1066524612.html
Раҳмон ва Ҷабборов имкон дорад дар Бишкек созишномаи марзиро ба имзо расонанд
Раҳмон ва Ҷабборов имкон дорад дар Бишкек созишномаи марзиро ба имзо расонанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзҳои наздик сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон барномарезӣ шудааст, ки дар ҷараёни он қарор аст, як қатор санадҳо ба имзо расад
2025-03-11T15:29+0500
2025-03-11T15:29+0500
2025-03-11T15:29+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
эмомалӣ раҳмон
содир ҷабборов
санад
марз
имзо созишнома
сиёсат
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0d/1059936851_0:0:3134:1762_1920x0_80_0_0_cd89dad14e9c5c06aa70508b9a39e300.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов кишвардори Қирғизистон дар дидор дар Бишкек метавонанд созишномаи марзиро ба имзот расонанд.Дар ин бора дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар додааст.Тавре вазорати хориҷаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, сафари раҳбари Тоҷикистон ба Бишкек рӯзҳои 12-13 март сурат мегирад.Ҷузъиёти сафари дарпешистода мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Муратбек Азимбакиев расонаӣ кард.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни ин чорабинӣ ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд.Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури кишвари ҳамсоя Содир Ҷабборов як бастаи санадҳо ба имзо хоҳад расид.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар санадҳоро имзо карданд.Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифордаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишномаи баимзорасида шарҳу тавзеҳ надодааст.Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳо гардида, даҳҳо нафар низ кушта шуданд.
https://sputnik.tj/20250311/emomali-rahamon-qirghiziston-meravad-1066520690.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0d/1059936851_149:0:2880:2048_1920x0_80_0_0_78da96c423e3502533bd6b6a7a23f809.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, имзо, санад, марқ, раҳмон, ҷабборов, раисҷумҳур, сиёсат
тоҷикистон, қирғизистон, имзо, санад, марқ, раҳмон, ҷабборов, раисҷумҳур, сиёсат
Раҳмон ва Ҷабборов имкон дорад дар Бишкек созишномаи марзиро ба имзо расонанд
Дар рӯзҳои наздик сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон барномарезӣ шудааст, ки дар ҷараёни он қарор аст, як қатор санадҳо ба имзо расад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов кишвардори Қирғизистон дар дидор дар Бишкек метавонанд созишномаи марзиро ба имзот расонанд.
Дар ин бора дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар додааст.
Тавре вазорати хориҷаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, сафари раҳбари Тоҷикистон ба Бишкек рӯзҳои 12-13 март сурат мегирад.
Ҷузъиёти сафари дарпешистода мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Муратбек Азимбакиев расонаӣ кард.
"Баъд аз мулоқотҳо изҳороти муштараки Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Ҳамчунин қарор аст, созишномаи байни Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ ва дигар санадҳои дуҷониба ба имзо расанд", - гуфт ӯ.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни ин чорабинӣ ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури кишвари ҳамсоя Содир Ҷабборов як бастаи санадҳо ба имзо хоҳад расид.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар санадҳоро имзо карданд.
Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифордаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишномаи баимзорасида шарҳу тавзеҳ надодааст.
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳо гардида, даҳҳо нафар низ кушта шуданд.