https://sputnik.tj/20250312/poyga-kushti-elon-zamon-makon-chorabi-boshukuh-navruz-sughd-1066533711.html
Аз пойга то куштӣ: Эълони замону макони чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ дар Суғд
Аз пойга то куштӣ: Эълони замону макони чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми як моҳи ҷорӣ дар тамоми манотиқи Суғд чорабиниҳои асосии варзишӣ дар доираи Наврӯз бо ширкати меҳмонони хориҷӣ доир хоҳанд шуд 12.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-12T16:52+0500
2025-03-12T16:52+0500
2025-03-12T16:52+0500
дар тоҷикистон
наврӯз
суғд
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/04/1025370410_0:158:3000:1846_1920x0_80_0_0_90df3cb2ef5a9a9f18bdf5f204b36406.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол дар Суғд бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Тавре аз Кумитаи ҷавонон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, моҳи март чорабиниҳои варзишӣ дар шимоли ҷумҳурӣ бо ширкати варзишкорони хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Дар чорабиниҳои наврӯзӣ аз намудҳои гуногуни варзишӣ варзишкорон аз Ӯзбекистону Қирғизистон, Эрон ва Русия ҳузур хоҳанд дошт. Ба иттилои манбаъ, то 12 март дар Суғд мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз рӯи намуди камонварӣ бо иштирок 40 - нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 26 - нафар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар назар дошта шудааст. Санаи 15 март бошад, дар шаҳри Хуҷанд баргузории Дави дӯстии Наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ дар масофаи то 5 километр бо иштироки 40 нафар варзишгарон аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир мешавад. Ҳамчунин аз 15 то 19 март мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди теннис бо иштироки 26 - нафар меҳмонону варзишгарон доир мешавад, ки 12 нафари онҳоро намояндагони ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ташкил медиҳанд.Мусобиқаи шиноварӣ бошад аллакай бо ширкати 36 нафар меҳмонон оғоз шуда, то 14 март идома мекунад.Пойгаи аспдавонӣ бо иштироки 124 нафар меҳмонону варзишгарон рӯзҳои 11-13 март дар майдони варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст. Рӯзҳои 16-17 март дар Панҷакент мусобиқаи байналмилалии куштӣ бо иштироки 67 - нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 33 - нафар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия дар назар аст. Ҳамзамон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 23 то 26 март баргузории мусобиқаи байналмилалии варзиши сайёҳӣ аз намуди роҳгардии сайёҳӣ бо иштироки 55 тан дар назар аст. Илова бар ин, дар доираи Наврӯз мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи футболи хурд бо ширкати 16 дастаҳои дохиливу хориҷӣ рӯзҳои 14-16 марти дар Хуҷанд доир мегардад.Дар моҳи март тоҷикистониён ними моҳ истироҳат хоҳанд кард Дар Исфара рӯзҳои 12-14 март мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи волейболи духтарона бо иштироки 4 даста ва 60 - нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 2 даста ва 30 - нафар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст. Рӯзҳои 25-27 март бошад, дар Қаълаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан баргузории мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо иштироки 67 - нафар меҳмонону варзишгарони дохиливу хориҷӣ сурат мегирад. Маврид ба зикр аст, ки имсол Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки сарони Узбекистон ва Қирғизистон дар Суғд доир мешавад. Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ рӯзи 30 март дар “Қалъаи Хуҷанд” ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20250227/mehmonon-eron-omodagi-tojikiston-qabuli-khorijiyon-navruz-1066376247.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/04/1025370410_165:0:2836:2003_1920x0_80_0_0_96d33d46b623bcea79bf96d6e84f102e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, наврӯз, суғд, фарҳанг
дар тоҷикистон, наврӯз, суғд, фарҳанг
Аз пойга то куштӣ: Эълони замону макони чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ дар Суғд
Эксклюзив
Давоми як моҳи ҷорӣ дар тамоми манотиқи Суғд чорабиниҳои асосии варзишӣ дар доираи Наврӯз бо ширкати меҳмонони хориҷӣ доир хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол дар Суғд бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, моҳи март чорабиниҳои варзишӣ дар шимоли ҷумҳурӣ бо ширкати варзишкорони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар чорабиниҳои наврӯзӣ аз намудҳои гуногуни варзишӣ варзишкорон аз Ӯзбекистону Қирғизистон, Эрон ва Русия ҳузур хоҳанд дошт.
Ба иттилои манбаъ, то 12 март дар Суғд мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз рӯи намуди камонварӣ бо иштирок 40 - нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 26 - нафар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар назар дошта шудааст.
Санаи 15 март бошад, дар шаҳри Хуҷанд баргузории Дави дӯстии Наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ дар масофаи то 5 километр бо иштироки 40 нафар варзишгарон аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир мешавад.
Ҳамчунин аз 15 то 19 март мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди теннис бо иштироки 26 - нафар меҳмонону варзишгарон доир мешавад, ки 12 нафари онҳоро намояндагони ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ташкил медиҳанд.
Мусобиқаи шиноварӣ бошад аллакай бо ширкати 36 нафар меҳмонон оғоз шуда, то 14 март идома мекунад.
Пойгаи аспдавонӣ бо иштироки 124 нафар меҳмонону варзишгарон рӯзҳои 11-13 март дар майдони варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзҳои 16-17 март дар Панҷакент мусобиқаи байналмилалии куштӣ бо иштироки 67 - нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 33 - нафар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия дар назар аст.
Ҳамзамон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 23 то 26 март баргузории мусобиқаи байналмилалии варзиши сайёҳӣ аз намуди роҳгардии сайёҳӣ бо иштироки 55 тан дар назар аст.
Илова бар ин, дар доираи Наврӯз мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи футболи хурд бо ширкати 16 дастаҳои дохиливу хориҷӣ рӯзҳои 14-16 марти дар Хуҷанд доир мегардад.
Дар Исфара рӯзҳои 12-14 март мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи волейболи духтарона бо иштироки 4 даста ва 60 - нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 2 даста ва 30 - нафар аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзҳои 25-27 март бошад, дар Қаълаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан баргузории мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо иштироки 67 - нафар меҳмонону варзишгарони дохиливу хориҷӣ сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки имсол Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки сарони Узбекистон ва Қирғизистон дар Суғд доир мешавад. Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ рӯзи 30 март дар “Қалъаи Хуҷанд” ба нақша гирифта шудааст.