Дар моҳи март тоҷикистониён ними моҳ истироҳат хоҳанд кард

© Sputnik Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2025
Обуна шудан
Дар моҳи аввали баҳор дар Тоҷикистон чанд ҷашни муҳим баргузор мешавад, ки барои онҳо рӯзҳои истироҳат дар сатҳи давлатӣ таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистон, ки кор мекунанд 16 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додааст.
Имсол дар моҳи март тоҷикон якбора се ид – Рӯзи Модар, Наврӯз ва Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон, ки дар ҷумҳурӣ расман Рӯзи модар номида мешавад, рӯзҳои аз 8 то 10 март корӣ нахоҳанд буд.
Ҳамин тавр, Рӯзи Модар ба рӯзи шанбе рост меояд, аз ин рӯ, тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" ба шаҳрвандон рӯзи истироҳати иловагӣ - рӯзи душанбеи 10 март дода мешавад.
© SputnikТақвими моҳи март дар Тоҷикистон
Тақвими моҳи март дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2025
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ хабар доданд, бо дарназардошти рӯзҳои истироҳат ва санаҳои бахшида ба Рӯзи Модар, Наврӯз ва Рамазон, дар моҳи аввали баҳор 16 рӯзи истироҳат пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба таҷлили боз як ҷашни бузург дар Тоҷикистон - Наврӯз, ки 21 март дар кишвар таҷлил мешавад, сокинон имкон пайдо мекунанд, ки то санаи 26-уми аз кор истироҳат кунанд.
Ҳамчунин, ҳарчанд санаи расмии Иди Фитр ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо мумкин аст ба рӯзи 30 март рост ояд. Баъдан тибқи қонун рӯзи 31-ум низ рӯзи истироҳат хоҳад буд.
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2025
Кӣ метавонад дар моҳи Рамазон рӯза нагирад?: Шарҳи Шӯрои уламо
Ёдовар мешавем, ки моҳи Рамазон дар Тоҷикистон имсол аз 1 март оғоз шуда, то 30-ум идома хоҳад ёфт.
Дар моҳи Рамазон мусалмонон аз субҳ то шом аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд.
Тибқи анъана, дар ин моҳ дар масҷидҳо вақт гузаронидамешавад. Мусалмонон дар вақти шом атрофи як дастархони калон ҷамъ омада, пас аз як рӯзи рӯзадорӣ нону об мехуранд.
Ба муносибати анҷоми моҳи Рамазон иди саиди Фитр оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0