https://sputnik.tj/20250312/kor-sokhtmon-nerugoh-roghun-anjom-yoft-1066533474.html
Беш аз 50% корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" анҷом ёфт
Беш аз 50% корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" анҷом ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки тайи ду соли охир барои корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун" аз ҳисоби буҷаи давлат зиёда аз 9 млрд сомонӣ масраф гардидааст
2025-03-12T11:54+0500
2025-03-12T11:54+0500
2025-03-12T11:54+0500
дар тоҷикистон
қоҳир расулзода
энергетика
нбо "роғун"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103071/11/1030711156_0:154:3009:1846_1920x0_80_0_0_caa3828d36c48649178ec2d69476786e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон ва ҳамзамон раисис Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун" дар ҷаласаи ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун" дар бораи ҷараёни корҳои сохтмонии дар нерӯгоҳи мазкур гузориш дод.Расулзода иброз намуд, ки имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун" бо суръати баланд идома дошта, беш аз 50% корҳои сохтмонӣ аллакай анҷом ёфӣтаанд.Ба иттилои ӯ, дар ду соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои бунёди нерӯгоҳ зиёда аз 9 млрд сомонӣ масраф шудааст.Дар идома ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмони байналмилалӣ ба имзо расонида шуда, дар ин самт бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории судманд барои ҷалби маблағҳои имтиёзнок идома дорад.Котиботи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун"қайд намуд, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишуда дар маҷлиси умумии ғайринавбатӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.
https://sputnik.tj/20250214/tojikiston-bonki-khoriji-vadashuda-roghun-zudtar-dihand-1066227940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103071/11/1030711156_170:0:2837:2000_1920x0_80_0_0_4b108b161c7a168760b0055cc0e9ec2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
расулзода "роғун сохтмон энергетика
расулзода "роғун сохтмон энергетика
Беш аз 50% корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" анҷом ёфт
Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки тайи ду соли охир барои корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун" аз ҳисоби буҷаи давлат зиёда аз 9 млрд сомонӣ масраф гардидааст
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон ва ҳамзамон раисис Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун" дар ҷаласаи ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун" дар бораи ҷараёни корҳои сохтмонии дар нерӯгоҳи мазкур гузориш дод.
Расулзода иброз намуд, ки имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун" бо суръати баланд идома дошта, беш аз 50% корҳои сохтмонӣ аллакай анҷом ёфӣтаанд.
Ба иттилои ӯ, дар ду соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои бунёди нерӯгоҳ зиёда аз 9 млрд сомонӣ масраф шудааст.
"Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ менамояд", - таъкид намуд сарвазир.
Дар идома ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмони байналмилалӣ ба имзо расонида шуда, дар ин самт бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории судманд барои ҷалби маблағҳои имтиёзнок идома дорад.
Котиботи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун"қайд намуд, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишуда дар маҷлиси умумии ғайринавбатӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.