Ван И: Чин ва Тоҷикистон бояд тиҷорати мутақобиларо густариш диҳанд

© Foto / Министерство иностранных дел ТаджикистанаВстреча министров иностранных дел Таджикистана и Китая
Встреча министров иностранных дел Таджикистана и Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2024
Обуна шудан
Пекин ба зарурати идома ва тақвияти ҳамкориҳо бо Душанбе дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, қувваҳои нави истеҳсолӣ ва энергетикӣ таъкид кард
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Чин ва Тоҷикистон бояд якҷоя бо терроризм мубориза баранд, аз паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ пешгирӣ кунанд ва барои бунёди садди қавии амнияти минтақавӣ талош кунанд.
Дар ин бора Ван Й, вазири умури хориҷаи Чин дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт.
"Чин Тоҷикистонро дар интихоби роҳи рушд, ки ба шароити миллии худ мувофиқ аст, дастгирӣ мекунад ва ба дахолати ҳар гуна қувваҳои беруна ба корҳои дохилии Тоҷикистон мухолиф аст", - гуфтааст Ван И, ки суханони ӯро вебсайти Вазорати корҳои хориҷии Чин овардаас.
Вай гуфт, ки Чин ва Тоҷикистон бояд тиҷорати мутақобиларо густариш диҳанд, “Чин омода аст аз Тоҷикистон бештар маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ ворид кунад”.
Ван И ҳамчунин аз омодагии Чин барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар заминаи зербиноӣ ва иртибототи асосӣ, маориф, гардишгарӣ ва бахшҳои башардӯстона хабар дод.
Флаги Таджикистана и Китая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2024
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мешаванд
Дипломати чинӣ афзуд, ки дар баробари ин зарур аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва қувваҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикиро бештар намуд.
Тавре Ванг И гуфт, Пекин аз талошҳои Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо пуштибонӣ мекунад.
"Мо шод хоҳем шуд, агар ҷониби Тоҷикистон дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши бештаре дошта бошад", - хулоса кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0