https://sputnik.tj/20250311/emomali-rahamon-qirghiziston-meravad-1066520690.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад
Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари дурӯза 12 март ба кишвари ҳамсоя ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом хоҳад дод
2025-03-11T11:58+0500
2025-03-11T11:58+0500
2025-03-12T11:18+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
эмомалӣ раҳмон
бишкек
сиёсат
созишнома
санад
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064620122_230:90:1280:681_1920x0_80_0_0_29d424402dd70a3ef9d2c5e29a8c5124.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12-13 марти соли 2025 ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом медиҳанд.Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар рафти ин сафар ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ хоҳад шуд.Ҳамчунин ба иттилои ВУХ-и Тоҷикистон қарор аст, дар ин сафари расмӣ дар натиҷаи мулоқоти сарони давлатҳо як қатор санадҳо ба имзо расад.Бояд гуфт, ки бори ахир раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон мҳи июни соли 2023 сафар карда буд. Он замон руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар шаҳри Чолпон-Ота дидору гуфтугӯ карда буданд.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар санадҳоро имзо карданд.Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифордаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишномаи баимзорасида шарҳу тавзеҳ надодааст.Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳо гардида, даҳҳо нафар низ кушта шуданд.
https://sputnik.tj/20250227/oghozi-barrasi-sozishnomai-marzi-tojikiston-parlumoni-qirghiziston-1066378195.html
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064620122_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_f76310b750d1bedd05a230e866bf7b00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, сиёсат, эмомалӣ раҳмон сафари расмӣ, имзо, санад
тоҷикистон, қирғизистон, сиёсат, эмомалӣ раҳмон сафари расмӣ, имзо, санад
Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад
11:58 11.03.2025 (Навсозишуда: 11:18 12.03.2025) Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари дурӯза 12 март ба кишвари ҳамсоя ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12-13 марти соли 2025 ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом медиҳанд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти ин сафар ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин ба иттилои ВУХ-и Тоҷикистон қарор аст, дар ин сафари расмӣ дар натиҷаи мулоқоти сарони давлатҳо як қатор санадҳо ба имзо расад.
Бояд гуфт, ки бори ахир раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон мҳи июни соли 2023 сафар карда буд. Он замон руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар шаҳри Чолпон-Ота дидору гуфтугӯ карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар санадҳоро имзо карданд.
Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифордаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишномаи баимзорасида шарҳу тавзеҳ надодааст.
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳо гардида, даҳҳо нафар низ кушта шуданд.