https://sputnik.tj/20250311/du-nohiyai-dushanbe-barq-qat-shud-1066517552.html
Дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе барқ аз субҳ то шом қатъ шуд
Дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе барқ аз субҳ то шом қатъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
“Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе хабар додааст, ки бинобар васлу насби таҷҳизотҳо рӯзи 11 март дар як қисми кӯчаҳои шаҳр барқ хомуш карда шуд
2025-03-11T09:34+0500
2025-03-11T09:34+0500
2025-03-11T09:34+0500
дар тоҷикистон
кӯчаҳо
барқ
қатъ
душанбе
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065159929_0:131:2904:1765_1920x0_80_0_0_1e5ba77182496885732b0a58921fe89e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе хабар додааст, ки татбиқи корҳои васлу насби таҷҳизотҳо дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” дар шаҳри Душанбе, оғоз гардидааст.“Ба ҳамин хотир рӯзи 11 марти соли 2025 аз соати 08:00 то 18:00 дар як қисми кучаҳои ноҳияҳои зерин қувваи барқ хомуш карда шуд”, - қайд кардааст “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе.Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз барқ дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе Шоҳмансур ва Фирдавсӣ қатъ карда шуд.“Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе хабар дод, ки дар ноҳияи Шоҳмансур дар кучаҳои Рӯдакӣ (Доми Ватан), Аэрапорт, Мавлоно, Мастогулов ва Айнӣ барқ қатъ карда шудааст.Инчунин дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кучаҳои Н. Карабоев, Крупский, Фирдавси, Шохтемур, Гравзавод 2-А, Борбад, Кахоров, 50 солагии Тоҷикистон, Борбад, Деҳоти, Гравзавод 3, Хусейнзода қувваи барқ хомуш карда шуд.“Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе қайд кардааст, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактики дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки қаблан дар як қатор кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ба далели таъмиру иваз кардани шабакаҳои барқӣ барои чанд рӯз интиқоли барқ карда қатъ карда шуда буд.
https://sputnik.tj/20250308/rejai-barq-boz-mahdud-shud-sharhi-maqomot-1066494213.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065159929_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_233d71a009cedbf90094285bb780f653.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, барқ, қатъ, кӯчаҳо, энергетика,
тоҷикистон, душанбе, барқ, қатъ, кӯчаҳо, энергетика,
Дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе барқ аз субҳ то шом қатъ шуд
“Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе хабар додааст, ки бинобар васлу насби таҷҳизотҳо рӯзи 11 март дар як қисми кӯчаҳои шаҳр барқ хомуш карда шуд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе хабар додааст, ки татбиқи корҳои васлу насби таҷҳизотҳо дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” дар шаҳри Душанбе, оғоз гардидааст.
“Ба ҳамин хотир рӯзи 11 марти соли 2025 аз соати 08:00 то 18:00 дар як қисми кучаҳои ноҳияҳои зерин қувваи барқ хомуш карда шуд”, - қайд кардааст “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз барқ дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе Шоҳмансур ва Фирдавсӣ қатъ карда шуд.
“Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе хабар дод, ки дар ноҳияи Шоҳмансур дар кучаҳои Рӯдакӣ (Доми Ватан), Аэрапорт, Мавлоно, Мастогулов ва Айнӣ барқ қатъ карда шудааст.
Инчунин дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кучаҳои Н. Карабоев, Крупский, Фирдавси, Шохтемур, Гравзавод 2-А, Борбад, Кахоров, 50 солагии Тоҷикистон, Борбад, Деҳоти, Гравзавод 3, Хусейнзода қувваи барқ хомуш карда шуд.
“Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Душанбе қайд кардааст, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактики дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар як қатор кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ба далели таъмиру иваз кардани шабакаҳои барқӣ барои чанд рӯз интиқоли барқ карда қатъ карда шуда буд.