https://sputnik.tj/20250308/rejai-barq-boz-mahdud-shud-sharhi-maqomot-1066494213.html
“Реҷаи барқ боз маҳдуд шуд” – шарҳи мақомот
“Реҷаи барқ боз маҳдуд шуд” – шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар “Барқи тоҷик” аз бозгашт ба реҷаи қаблии барқрасонӣ хабар дод
2025-03-08T12:51+0500
2025-03-08T12:51+0500
2025-03-10T11:49+0500
реҷаи интиқоли барқ
маҳдуд
лимит
барқ
барқрасонӣ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101367/61/1013676127_0:0:3042:1711_1920x0_80_0_0_c5580e45391870e5c468dd6cd012d953.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. Қаблан ин ниҳод аз афзудани интиқоли барқ ба сокинони кишвар хабар дода буд.Бино ба иттилои манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар “Барқи тоҷик”, режими барқрасонӣ дар шаҳру навоҳии вилоятҳо дигарбора ба вазъияти пештара баргардонда шуд.Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар моҳи Рамазон реҷаи барқрасонӣ дар кишвар тағйир ёфта, акнун сокинон 8 соат дар рӯз барқ хоҳанд гирифт: субҳ аз 3:30 то 7:30 ва шом аз 17:00 то 21:30.Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, режаи барқрасонӣ ба ягон муносибат ҳеҷ рабте надорад, балки ҳамеша дар ҳоли тағйир аст.Вай афзуд, ду-се интиқоли барқро афзойиш ёфт, чун ҳаво гарму об зиёд шуд, аммо дар пайи ин боз ҳаво хунуку об кам шуд ва дигарбора ба реҷаи қаблӣ баргаштем.“Талоши мо бар ин аст, ки обро эҳтиёт карда, ҳамин режаеро, ки дорем, нигаҳ дорем ва сокинон бидуни барқ намонанд”, - гуфт манбаъ.“Барқи тоҷик” ҳамасола ба хотири нигаҳ доштани кори нерӯгоҳҳо ва таъмини мардум бо барқ аз авохири тирамоҳ то миёнаҳои баҳор реҷаи маҳдудияти барқро ба роҳ меандозад. Ин вазъ аз нимаҳои дуюми солҳои 90-уми асри гузашта идома дорад. Бино ба изҳороти расмии мақомот, қарор аст то соли 2027 маҳдудияти барқ дар кишвар комилан аз миён бурда шавад.
https://sputnik.tj/20250307/markazi-shahri-dushanbe-be-barq-memonad-1066488097.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101367/61/1013676127_155:0:2886:2048_1920x0_80_0_0_e0d837b93f3e1e024787bec2c1ff5c09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, реҷаи барқ, маҳдуд, лимит, мақомот, барқрасонӣ, энергетика
тоҷикистон, реҷаи барқ, маҳдуд, лимит, мақомот, барқрасонӣ, энергетика
“Реҷаи барқ боз маҳдуд шуд” – шарҳи мақомот
12:51 08.03.2025 (Навсозишуда: 11:49 10.03.2025) Эксклюзив
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар “Барқи тоҷик” аз бозгашт ба реҷаи қаблии барқрасонӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. Қаблан ин ниҳод аз афзудани интиқоли барқ ба сокинони кишвар хабар дода буд.
Бино ба иттилои манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар “Барқи тоҷик”, режими барқрасонӣ дар шаҳру навоҳии вилоятҳо дигарбора ба вазъияти пештара баргардонда шуд.
“Ҳоло пагоҳӣ аз соати 4 – и саҳар то 7, яъне се соат ва бегоҳӣ аз 17 то 21, яъне чаҳор соат барқ дода мешавад”, - гуфт манбаъ.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар моҳи Рамазон реҷаи барқрасонӣ дар кишвар тағйир ёфта, акнун сокинон 8 соат дар рӯз барқ хоҳанд гирифт: субҳ аз 3:30 то 7:30 ва шом аз 17:00 то 21:30.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, режаи барқрасонӣ ба ягон муносибат ҳеҷ рабте надорад, балки ҳамеша дар ҳоли тағйир аст.
“Ба ин вобастагӣ дорад, ки ҳаҷми об дар обанборҳои нерӯгоҳҳо, бахусус, Норак дар кадом сатҳ аст. Агар об зиёд шуд, интиқоли барқ ҳам зиёд мешавад ва агар об кам шуд, интиқол ҳам коҳиш меёбад”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, ду-се интиқоли барқро афзойиш ёфт, чун ҳаво гарму об зиёд шуд, аммо дар пайи ин боз ҳаво хунуку об кам шуд ва дигарбора ба реҷаи қаблӣ баргаштем.
“Талоши мо бар ин аст, ки обро эҳтиёт карда, ҳамин режаеро, ки дорем, нигаҳ дорем ва сокинон бидуни барқ намонанд”, - гуфт манбаъ.
“Барқи тоҷик” ҳамасола ба хотири нигаҳ доштани кори нерӯгоҳҳо ва таъмини мардум бо барқ аз авохири тирамоҳ то миёнаҳои баҳор реҷаи маҳдудияти барқро ба роҳ меандозад. Ин вазъ аз нимаҳои дуюми солҳои 90-уми асри гузашта идома дорад. Бино ба изҳороти расмии мақомот, қарор аст то соли 2027 маҳдудияти барқ дар кишвар комилан аз миён бурда шавад.