Низомиёни ҳукумати Ғанӣ: Аз Узбекистону Тоҷикистон хостанд, чархболҳоро баргардонанд

© AP / Rahmat GulАмериканский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото
Американский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2025
Обуна шудан
Низомиёни пешини ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар як гирдиҳамоӣ дар Кобул аз Узбекистон ва Тоҷикистон хостанд чархболҳои Афғонистонро ба ҳукумати Толибон* бозгардонанд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Шуморе аз фармондиҳони аршади низомии давлати собиқи Афғонистон дар як гирдиҳамоииэътирозӣ дар шаҳри Кобул аз кишварҳои Узбекистон ва Тоҷикистон хостанд чархболҳои мутаъаллиқ ба Афғонистонро ба ҳукумати сарпараст таҳвил диҳанд, иттилоъ дҳодааст сомонаи “ДИД”.
Ин низомиён бо интиқод аз сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар даврони ҳузури худ дар Афғонистон, изҳор доштанд, ки Амрико силоҳҳои пешрафтаи Афғонистонро нобуд карда ва ба ҷои он таҷҳизоти фарсуда ва қадимӣ дар ихтиёри Афғонистон қарор додааст.
Шеъргул Паштун, яке аз генералҳои пешини Афғонистон, дар ин таҷаммуъ афроде, ки чархболҳоро ба кишварҳои ҳамсоя мунтақил кардаанд, "хоинони миллӣ" хонд ва таъкид кард, ки афғонистониҳо ба ҳар қимате хоҳони бозпасгирии ин таҷҳизот ҳастанд.
Дар вокуниш ба ин дархостҳо, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯии ҳукумати сарпараст эълом кард, ки ин таҷҳизотро "ғиноими ҷангӣ" медонанд ва ба ҳеҷ кас таҳвил дода нахоҳанд шуд.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2025
Манбаъ: ”Толибон* дурӯғ мегӯянд”
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки чанде пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико, аз Толибон* хоста буд то таҷҳизоти боқимондаи Амрико дар Афғонистонро ба ин кишвар бозгардонанд.
Ёдовар мешавем, қаблан ҳукумати Толибон* борҳо аз мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон хоста буд, ки чархбролҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Афғонистон баргардонанд, аммо ҳукуматҳои ин ду кишвар гуфта буданд, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳо моли ҳукумати ИМА ҳастанд ва тақдири ояндаи онҳо дар дасти амрикоиҳост.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0