https://sputnik.tj/20250309/manba-tolibon-durugh-meguyand-1066499418.html
Манбаъ: ”Толибон* дурӯғ мегӯянд”
Манбаъ: ”Толибон* дурӯғ мегӯянд”
Sputnik Тоҷикистон
Манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон иддаои Толибон дар бораи тарроҳи ҳамла ба фурудгоҳи Кобул дар моҳи августи соли 2021 будани як тоҷикистониро “дурӯғи маҳз” хонд
2025-03-09T11:39+0500
2025-03-09T11:39+0500
2025-03-10T11:19+0500
толибон
афғонистон
ҳамлаи террористӣ
фурудгоҳ
кобул
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_0:128:3080:1861_1920x0_80_0_0_7f6d23e99095ef50c591ea65b59a8dc2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Дар ин ҳамла ҳудуди 170 шаҳрванди Афғонистон ва 13 низомии Амрико ба ҳалокат расида буданд.Қаблан шабакаи СиБиЭс Нюс аз қавли “як мақоми аршад” – и Толибон* хабар дод, ки ин гуруҳ ду табааи Тоҷикистон ва ҳарду ба номи Шарифуллоҳро, ки ба ҳабси тӯлонимуддат маҳкум шудаанд ва дар бомбагузории дарвозаи Аббейи фурудгоҳи Кобул ва дигар ҳамалот нақш доштаанд, дар боздоштгоҳи худ нигаҳдорӣ мекунанд.Ин “мақоми аршад” гуфтааст, ки “аз ҳеҷ фарде бо номи Муҳаммад Шарифуллоҳ, ки табааи Афғонистон бошад, иттилое надорем ва танҳо афрод бо ин ном дар Кобул, ҳамон ду тоҷикистонӣ ҳастанд, ки дар зиндони Толибон* ба сар мебаранд”.Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, фарде, ки дар зиндони Толибон* зиндонӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон аст, Холмуродов Шарифхон ном дорад, на “Шарифуллоҳ” ва як нафар аст, на ду нафар ба як ном (ҷузъиёти дигари шахсияти ин фард дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад ва бино ба бархе мулоҳизот фош намешавад).“Ҳамлаи террористии Кобул моҳи августи соли 2021 итифоқ афтодааст, аммо ин нафар моҳи ноябри ҳамон сол аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба Туркия ва аз он ҷо тариқи дараи Вани он кишвар ғайриқонунӣ вориди Эрон шуда, худро ба Афғонистон расондааст. Шарифхон ҳатто таҷрибаи ҷангӣ надошта, зимни ворид шудан боздошт шудааст”, - гуфт манбаъ.Вай афзуд, дар Тоҷикистон дар ҳеҷ куҷо шумо номи “Шарифуллоҳ” – ро пайдо карда наметавонед ва ин ном хоси Афғонистон аст.“Шумо дар Тоҷикистон метавонед номҳои Шарифхон, Шарифбой, Шарифхӯҷа, Шарифбек, Муҳаммадшариф ва ғайраро дучор оед, аммо на Муҳаммад Шарифуллоҳро. Ин ҷо бармалост, ки иддаои Толибон* дурӯғи маҳз аст, аммо ба чӣ ҳадаф ва чӣ зарурат ба овардани номи Тоҷикистон доранд, мо нафаҳмидем. Хадамоти махсуси ИМА ва Покистон он қадар бетаҷриба нестанд, ки иштибоҳан дигар шаҳрвандро интиқол диҳанд ва Доналд Трамп шахсан дар Конгресси Амрико расман аз Покистон изҳори ташаккур кард”, - гуфт манбаъ.Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои Покистону Амрико аз қавли манобеъи расмӣ Муҳаммад Шарифуллоҳ, мулаққаб ба “Ҷаъфар”-ро яке аз саркардагони ДОИШ-и Хуросон** ва шаҳрванди Афғонистон муаррифӣ карда буданд, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба фурудгоҳи Кобул дар 26 августи соли 2021-ро тарроҳӣ кардааст. Дар ин ҳамла, ки дар назди дарвозаи Аббейи фурудгоҳи Кобул анҷом гирифт, ҳудуди 170 афғонистонӣ ва 13 сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад**-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳо
https://sputnik.tj/20250104/tolibon-ravobiti-siyosi-guruh-tojikiston-gustarish-1065757797.html
толибон
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_349:0:3080:2048_1920x0_80_0_0_25ae6bddbae4cce8bc524cf0d3810d8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, кобул, ҳамла, фурудгоҳ, мақомот, тоҷикистон
толибон, афғонистон, кобул, ҳамла, фурудгоҳ, мақомот, тоҷикистон
Манбаъ: ”Толибон* дурӯғ мегӯянд”
11:39 09.03.2025 (Навсозишуда: 11:19 10.03.2025) Эксклюзив
Манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон иддаои Толибон дар бораи тарроҳи ҳамла ба фурудгоҳи Кобул дар моҳи августи соли 2021 будани як тоҷикистониро “дурӯғи маҳз” хонд
ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Дар ин ҳамла ҳудуди 170 шаҳрванди Афғонистон ва 13 низомии Амрико ба ҳалокат расида буданд.
Қаблан шабакаи СиБиЭс Нюс аз қавли “як мақоми аршад” – и Толибон* хабар дод, ки ин гуруҳ ду табааи Тоҷикистон ва ҳарду ба номи Шарифуллоҳро, ки ба ҳабси тӯлонимуддат маҳкум шудаанд ва дар бомбагузории дарвозаи Аббейи фурудгоҳи Кобул ва дигар ҳамалот нақш доштаанд, дар боздоштгоҳи худ нигаҳдорӣ мекунанд.
Ин “мақоми аршад” гуфтааст, ки “аз ҳеҷ фарде бо номи Муҳаммад Шарифуллоҳ, ки табааи Афғонистон бошад, иттилое надорем ва танҳо афрод бо ин ном дар Кобул, ҳамон ду тоҷикистонӣ ҳастанд, ки дар зиндони Толибон* ба сар мебаранд”.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, фарде, ки дар зиндони Толибон* зиндонӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон аст, Холмуродов Шарифхон ном дорад, на “Шарифуллоҳ” ва як нафар аст, на ду нафар ба як ном (ҷузъиёти дигари шахсияти ин фард дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад ва бино ба бархе мулоҳизот фош намешавад).
“Ҳамлаи террористии Кобул моҳи августи соли 2021 итифоқ афтодааст, аммо ин нафар моҳи ноябри ҳамон сол аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба Туркия ва аз он ҷо тариқи дараи Вани он кишвар ғайриқонунӣ вориди Эрон шуда, худро ба Афғонистон расондааст. Шарифхон ҳатто таҷрибаи ҷангӣ надошта, зимни ворид шудан боздошт шудааст”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, дар Тоҷикистон дар ҳеҷ куҷо шумо номи “Шарифуллоҳ” – ро пайдо карда наметавонед ва ин ном хоси Афғонистон аст.
“Шумо дар Тоҷикистон метавонед номҳои Шарифхон, Шарифбой, Шарифхӯҷа, Шарифбек, Муҳаммадшариф ва ғайраро дучор оед, аммо на Муҳаммад Шарифуллоҳро. Ин ҷо бармалост, ки иддаои Толибон* дурӯғи маҳз аст, аммо ба чӣ ҳадаф ва чӣ зарурат ба овардани номи Тоҷикистон доранд, мо нафаҳмидем. Хадамоти махсуси ИМА ва Покистон он қадар бетаҷриба нестанд, ки иштибоҳан дигар шаҳрвандро интиқол диҳанд ва Доналд Трамп шахсан дар Конгресси Амрико расман аз Покистон изҳори ташаккур кард”, - гуфт манбаъ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои Покистону Амрико аз қавли манобеъи расмӣ Муҳаммад Шарифуллоҳ, мулаққаб ба “Ҷаъфар”-ро яке аз саркардагони ДОИШ-и Хуросон** ва шаҳрванди Афғонистон муаррифӣ карда буданд, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба фурудгоҳи Кобул дар 26 августи соли 2021-ро тарроҳӣ кардааст. Дар ин ҳамла, ки дар назди дарвозаи Аббейи фурудгоҳи Кобул анҷом гирифт, ҳудуди 170 афғонистонӣ ва 13 сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.
*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
**-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳо