https://sputnik.tj/20250309/vkd-rusiya-muhojiron-fehrist-afrod-tahti-nazorat-elon-kard-1066506078.html
ВКД Русия шумораи муҳоҷирони дар феҳристи афроди таҳти назорат қарордоштаро эълон кард
ВКД Русия шумораи муҳоҷирони дар феҳристи афроди таҳти назорат қарордоштаро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари агентии амниятӣ қайд кард, ки аллакай садҳо ҳазор нафар ба рӯйхати хориҷиёне шомил шудаанд, ки қонунҳои Русияро нақз кардаанд 09.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-09T18:56+0500
2025-03-09T18:56+0500
2025-03-09T18:56+0500
русия
вкд
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064214114_0:184:2988:1865_1920x0_80_0_0_2ae156cc2f52e8ba2ff9abca8eb6fe83.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ба далели нақзи қонун дар Русия садҳо ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба феҳристи афроди таҳти назорат шомил шудаанд. Дар ин бора сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ин рӯйхат беш аз 680 ҳазор нафар шомил шудаанд. Колоколтсев дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия" шарҳ дод, ҷорӣ кардани ин махзани шахсон бояд муҳоҷиронро ба қонунигардонии будубоши худ дар Русия ташвиқ кунад."Онҳо бояд то 30 апрел ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳозир шаванд, будубоши онҳоро қонунӣ кунанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд", - таъкид кард вазир. Дар ин ҳолат хориҷиён аз ин феҳрист хориҷ хоҳанд шуд, афзуд ӯ. Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд. Аз ин бармеояд, ки хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд вазъи худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ 30 апрели соли 2025 муқаррар шудааст. Чунин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20250308/medvedev-rusiya-siyosati-muhojirat-tajriba-arab-omuzad-1066493096.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064214114_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_3e71265affd551fb413857a019724d7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вкд, муҳоҷират
ВКД Русия шумораи муҳоҷирони дар феҳристи афроди таҳти назорат қарордоштаро эълон кард
Раҳбари агентии амниятӣ қайд кард, ки аллакай садҳо ҳазор нафар ба рӯйхати хориҷиёне шомил шудаанд, ки қонунҳои Русияро нақз кардаанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ба далели нақзи қонун дар Русия садҳо ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба феҳристи афроди таҳти назорат шомил шудаанд.
Дар ин бора сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ин рӯйхат беш аз 680 ҳазор нафар шомил шудаанд.
"Ҳадафи аслии ин феҳрист маҳдуд кардани иқомати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари мост, яъне он шаҳрвандоне, ки заминаи қонунии будубоши худро дар кишвари мо аз даст додаанд. Дар ин феҳрист 685 ҳазор нафар ҳастанд", - гуфт ӯ.
Колоколтсев дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия" шарҳ дод, ҷорӣ кардани ин махзани шахсон бояд муҳоҷиронро ба қонунигардонии будубоши худ дар Русия ташвиқ кунад.
"Онҳо бояд то 30 апрел ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳозир шаванд, будубоши онҳоро қонунӣ кунанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд", - таъкид кард вазир.
Дар ин ҳолат хориҷиён аз ин феҳрист хориҷ хоҳанд шуд, афзуд ӯ. Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд.
Аз ин бармеояд, ки хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд вазъи худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд.
Мӯҳлати ниҳоӣ 30 апрели соли 2025 муқаррар шудааст. Чунин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд.