Медведев: Русия бояд дар сиёсати муҳоҷират бояд таҷрибаи кишварҳои арабро омӯзад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2025
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид кардааст, ки кишвараш бояд таҷрибаи кишварҳои арабро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ омӯзад
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, Русия бояд аз таҷрибаи кишварҳои дигар ва таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи муҳоҷират истифода кунад.
Ахиран муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар Шӯрои амният тадбирҳои тақвияти назорат дар бахши муҳоҷирати кориро баррасӣ кард.
"Мо низ бояд ба таҷрибаи кишварҳои дигар назар кунем, дар ин бора гуфтугӯҳои зиёд ҳаст. Ин таҷрибаи кишварҳои арабӣ аст", -гуфт муовини раиси Шӯрои амният.
Вай инчунин аз сиёсати ИМА дар ин маврид қайд кард.
"Бинобар ин, дар кори худ мо бояд аз тамоми таҷрибаҳои беҳтарин, аз ҷумла таҷрибаи ҷаҳонӣ, ки дар ин соҳа мавҷуд аст, истифода барем", - таъкид кард Медведев.
Рейд по проверке документов  воинского учета у мигрантов, получивших гражданство РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2025
Дар Русия меъёрҳои нави қонунгузорӣ барои муҳоҷирон эътибор пайдо карданд
Ҳамчунин оқои Медведев қайд кард, ки даромади муҳоҷирони корӣ ва корфармоёни онҳо дар Русия бояд аз соя берун баровард.
Вай гуфт, муайян кардани муҳоҷирони кории хориҷӣ, ки барои дарёфти пул ба Русия меоянд, вале пардохти молиётро зарур намешуморанд, хеле муҳим аст.
"Мутаассифона, ин як мушкили бузург аст. Гузашта аз ин, бисёре аз онҳо бо тамоми оилаҳои худ дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, ки ба хидматрасониҳои иҷтимоӣ, хадамоти иҷтимоӣ, бахусус дар шаҳрҳои калон - ин, пеш аз ҳама, Маскав, Санкт-Петербург фишор меорад. Давра ба давра, ин боиси ташаннуҷ ва муноқишаҳо мегардад. Мо аз ин вазъият комилан қаноатманд нестем. Даромади муҳоҷир бояд рушан бошад”, - қайд кард Дмитрий Медведев.
Лентаи хабарҳо
0