Боевая работа РСЗО Град 25 армии на Краснолиманском направлении в ЛНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Маск гуфт, агар Starlink- ро хомӯш кунад бо артиши Украина чӣ мешавад

© AP / Kevin LamarqueИлон Маск на инаугурации президента в Ротонде Капитолия США 20 января 2025 года.
Илон Маск на инаугурации президента в Ротонде Капитолия США 20 января 2025 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2025
Обуна шудан
роҳбари Департаменти самаранокии ҳукумати ИМА Starlink -ро иштибоҳ барои артиши Украина номид ва гуфт, агар онро хомӯш кунад хатти ҷабҳа пурра хароб мешавад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ Илон Маск дар шабакаи иҷтимоии X изҳор дошт, ки системаи интернетии моҳвораии Starlink пояи артиши Украина аст ва агар ӯ тасмим бигирад, ки онро хомӯш кунад, хатти пеши нерӯҳои мусаллаҳи Украина хароб хоҳад шуд.
"Системаи Starlink-и ман такягоҳи артиши Украина аст. Агар ман онро хомӯш кунам, тамоми хатти пеши онҳо хароб хоҳад шуд", - навиштааст Маск.
Қаблан расонаҳои ғарбӣ гузориш дода буданд, ки музокиракунандагони амрикоӣ ҳангоми баррасии созиши таъмини Амрико ба манобеъи маъдании Украина, гӯё масъалаи қатъи дастрасӣ ба системаи интернетии моҳвораии Starlink-ро матраҳ кардаанд.
Аммо, дертар соҳиби Starlink, роҳбари Департаменти самаранокии ҳукумати ИМА Маск ин маълумотро рад кард.
Қаблан, маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп тасмим гирифт, кӯмаки низомиро ба Украина мутаваққиф кунад.
Дональд Трамп выступает во время митинга в Каунсил-Блафс, штат Айова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2025
Трамп фармон дод, ки интиқоли силоҳ ба Украина бознигарӣ шавад
Бино ба иттилои Bloomberg, ҳама интиқоли таҷҳизоти низомии амрикоӣ, ки ҳоло дар қаламрави Украина нест, аз ҷумла аслиҳа дар транзити ҳавопаймоҳо ва киштиҳо ва инчунин дар минтақаҳои транзитӣ дар Лаҳистон боздошта мешавад.
қаблан дар пайи баҳс бо Владимир Зеленский, президенти ИМА Доналд Трамп ба мақомоти амниятии миллӣ амр дод, тафтиш кунанд, ки оё Вашингтон метавонад интиқоли силоҳ ба Украинаро муваққатан ё комилан қатъ кунад.
Лентаи хабарҳо
0