https://sputnik.tj/20250104/tolibon-ravobiti-siyosi-guruh-tojikiston-gustarish-1065757797.html
Мақомдори Толибон* мегӯяд равобити сиёсии ин гурӯҳ бо Тоҷикистон дар ҳоли густариш аст
Мақомдори Толибон* мегӯяд равобити сиёсии ин гурӯҳ бо Тоҷикистон дар ҳоли густариш аст
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сиёсии раисулвузарои ҳукумати Толибон* мегӯяд, ки равобити ин гурӯҳ бо ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли беҳбуд қарор дорад
2025-01-04T11:41+0500
2025-01-04T11:41+0500
2025-01-04T11:41+0500
дар тоҷикистон
толибон
афғонистон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013485_0:0:2731:1537_1920x0_80_0_0_ea51df9ab835dd91c702b53f7d2e30b4.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Абдулкабир, муовини сиёсии раисулвузрои Толибон* мегуяд, ки равобити сиёсии ин гуруҳ бо Тоҷикистони нисбат ба гузашта дар ҳол пешрафт аст, иттилоъ додааст расонаҳои маҳаллӣ.Мақомдори ҳукумати феълии Афғонистон гуфт, ки бо он ки Тоҷикистон ҳануз сифорати Афғонистонро ба Толибон* вогузор накардааст, аммо равобити тиҷории густардае миёни ду кишвар ҷараён дорад.Муовини сиёсии раисулвузарои Толибон* гуфт, ки сифорати Афғонистон дар Душанбе токунун таҳти мудирияти ин гурӯҳ нест, аммо гузаргоҳи Шерхон Бандар ба рӯй тоҷирони ду кишвар боз аст.Абдулкабир мегуяд, ки тоҷирони афғону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозири миёни ду кишвар рафт ва омад мекунанд.Ӯ дар суханронии худ дар Кобул муддаӣ шуд, ки равобити сиёсӣ ва иқтисодии Толибон* бо кишварҳои минтақа дар ҳоли густариш ва пешрафт будааст.Ин мақоми Толибон* ҳамчунон аз кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон хост, ки аз ихроҷи иҷбории афғонҳо даст бикашанд ва иҷоза диҳанд афғонҳо довталабона ба кишваршон баргарданд.Дар беш аз се соли гузашта, Тоҷикистони нисбат ба дигари кишварҳои Осиёи миёна камтарини равобитро бо Толибон* дошта аст.Тоҷикистон токунун ҳозир нашудааст намояндаи дипломатики ҳукумати феълиро дар сифорати Афғонистони бипазирад.* - ин гурӯҳ барои амалҳои терроритиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20241213/tolibon-dar-muboriza-bo-terrorizm-az-kishvarhoi-hamsoya-kumak-khost-1065501878.html
толибон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013485_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0fa45a37c20318c8b5546914411010a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, толибон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, толибон, беҳбуд
тоҷикистон, афғонистон, толибон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, толибон, беҳбуд
Мақомдори Толибон* мегӯяд равобити сиёсии ин гурӯҳ бо Тоҷикистон дар ҳоли густариш аст
Муовини сиёсии раисулвузарои ҳукумати Толибон* мегӯяд, ки равобити ин гурӯҳ бо ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли беҳбуд қарор дорад
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Абдулкабир, муовини сиёсии раисулвузрои Толибон* мегуяд, ки равобити сиёсии ин гуруҳ бо Тоҷикистони нисбат ба гузашта дар ҳол пешрафт аст, иттилоъ додааст расонаҳои маҳаллӣ.
Мақомдори ҳукумати феълии Афғонистон гуфт, ки бо он ки Тоҷикистон ҳануз сифорати Афғонистонро ба Толибон* вогузор накардааст, аммо равобити тиҷории густардае миёни ду кишвар ҷараён дорад.
Муовини сиёсии раисулвузарои Толибон* гуфт, ки сифорати Афғонистон дар Душанбе токунун таҳти мудирияти ин гурӯҳ нест, аммо гузаргоҳи Шерхон Бандар ба рӯй тоҷирони ду кишвар боз аст.
Абдулкабир мегуяд, ки тоҷирони афғону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозири миёни ду кишвар рафт ва омад мекунанд.
Ӯ дар суханронии худ дар Кобул муддаӣ шуд, ки равобити сиёсӣ ва иқтисодии Толибон* бо кишварҳои минтақа дар ҳоли густариш ва пешрафт будааст.
Ин мақоми Толибон* ҳамчунон аз кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон хост, ки аз ихроҷи иҷбории афғонҳо даст бикашанд ва иҷоза диҳанд афғонҳо довталабона ба кишваршон баргарданд.
Дар беш аз се соли гузашта, Тоҷикистони нисбат ба дигари кишварҳои Осиёи миёна камтарини равобитро бо Толибон* дошта аст.
Тоҷикистон токунун ҳозир нашудааст намояндаи дипломатики ҳукумати феълиро дар сифорати Афғонистони бипазирад.
* - ин гурӯҳ барои амалҳои терроритиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.