https://sputnik.tj/20250309/ima-chin-pinhon-malumot-covid-jarima-kard-1066503744.html
ИМА Чинро барои пинҳон кардани маълумот дар бораи COVID $24 млрд ҷарима кард
ИМА Чинро барои пинҳон кардани маълумот дар бораи COVID $24 млрд ҷарима кард
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт қаблан гуфта буд, ки аз оғози пандемияи COVID-19 дар соли 2020 наздик ба 20 млн нафар ҷон бохт 09.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-09T14:58+0500
2025-03-09T14:58+0500
2025-03-10T11:58+0500
дар ҷаҳон
чин
амрико
тандурустӣ
коронавирус
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1b/1053099769_0:512:2730:2048_1920x0_80_0_0_c28083d98c0d6dc5a34cc3f21ad7e320.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Додгоҳи ИМА Чинро дар пинҳон кардани маълумот дар бораи паҳншавии COVID-19 гунаҳкор дониста, қасд дорад ин кишварро 24 млрд доллар ҷарима кунад.Дар ин бора New York Times иттилоъ дод.Интизор меравад, ки қарори додгоҳи Миссурӣ тавассути мусодираи дороиҳои Чин иҷро шавад. Тибқи ҳукм, амалҳои мақомоти Чин ба вокуниши сареъ ба хуруҷи коронавирус дар Иёлоти Муттаҳида монеъ шуда, ба харидории миқдори кофии таҷҳизоти муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тиб монеъ шуданд. Сухангӯи сафорати Чин дар Вашингтон Лю Пеню гуфт, Пекин ин тасмимро эътироф намекунад. Ёдовар мешавем, қаблан сардори Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус дар нишасте гуфт, ки аз оғози пандемияи COVID-19 дар соли 2020 наздик ба 20 миллион нафар ҷон бохт.Аммо ӯ қайд кард, ки тибқи маълумоти расмӣ, шумораи ҷонбохтагон ду маротиба камтар ба қайд гирифта шудааст."Аз соли 2020 инҷониб тақрибан 7 миллион нафар расман аз COVID-19 фавтиданд, аммо шумораҳои воқеӣ хеле зиёданд. Сухан дар бораи ҳадди аққал 20 млн нафар меравад", - мегӯяд ӯ.30 январи соли 2020 ин созмон хуруҷи коронавирусро вазъияти изтирории тандурустии, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад эълон кард.Пас аз ин, 11 март ба ин беморӣ мақоми пандемия дода шуд.
https://sputnik.tj/20250118/vazorat-koronavirus-tojikiston-nest-khabarho-durugh-bovar-nakuned-1065921961.html
чин
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1b/1053099769_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_82dc1c7aee9cf7be345e6f2d4a436faf.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, чин, амрико, тандурустӣ, коронавирус
дар ҷаҳон, чин, амрико, тандурустӣ, коронавирус
ИМА Чинро барои пинҳон кардани маълумот дар бораи COVID $24 млрд ҷарима кард
14:58 09.03.2025 (Навсозишуда: 11:58 10.03.2025) Созмони ҷаҳонии беҳдошт қаблан гуфта буд, ки аз оғози пандемияи COVID-19 дар соли 2020 наздик ба 20 млн нафар ҷон бохт
ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Додгоҳи ИМА Чинро дар пинҳон кардани маълумот дар бораи паҳншавии COVID-19 гунаҳкор дониста, қасд дорад ин кишварро 24 млрд доллар ҷарима кунад.
Дар ин бора New York Times иттилоъ дод.
Интизор меравад, ки қарори додгоҳи Миссурӣ тавассути мусодираи дороиҳои Чин иҷро шавад.
Тибқи ҳукм, амалҳои мақомоти Чин ба вокуниши сареъ ба хуруҷи коронавирус дар Иёлоти Муттаҳида монеъ шуда, ба харидории миқдори кофии таҷҳизоти муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тиб монеъ шуданд.
Сухангӯи сафорати Чин дар Вашингтон Лю Пеню гуфт, Пекин ин тасмимро эътироф намекунад.
"Даъво ба истилоҳ ягон заминаи воқеии ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ надорад. Агар ба манофеи Чин осеб расонанд, мо дар асоси қонунҳои байналмилалӣ ба таври қатъӣ посух хоҳем дод", - таъкид кард дипломат.
Ёдовар мешавем, қаблан сардори Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус дар нишасте гуфт, ки аз оғози пандемияи COVID-19 дар соли 2020 наздик ба 20 миллион нафар ҷон бохт.
Аммо ӯ қайд кард, ки тибқи маълумоти расмӣ, шумораи ҷонбохтагон ду маротиба камтар ба қайд гирифта шудааст.
"Аз соли 2020 инҷониб тақрибан 7 миллион нафар расман аз COVID-19 фавтиданд, аммо шумораҳои воқеӣ хеле зиёданд. Сухан дар бораи ҳадди аққал 20 млн нафар меравад", - мегӯяд ӯ.
30 январи соли 2020 ин созмон хуруҷи коронавирусро вазъияти изтирории тандурустии, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад эълон кард.
Пас аз ин, 11 март ба ин беморӣ мақоми пандемия дода шуд.