Вазорат: "коронавируси нав дар Тоҷикистон нест ва ба хабарҳои дурӯғ бовар накунед

© Sputnik / Амир ИсаевПрохожие на улице в Душанбе
Прохожие на улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2025
Обуна шудан
Вазорат мегӯяд, ба хабарҳое, ки аз номи ин ниҳод дар шабакаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, бовар накунед
ДУШАНБЕ, 18 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон хуруҷи коронавируси навъи COVID-Omicron XBB асоси воқеӣ надорад.
Дар ин бора Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо нашри як муроҷиатнома ба мардум иттилоъ дод.
Ин ниҳод мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла "WhatsApp" ва "Telegram" матни тавсияномае аз номи Вазорат дар мавриди хуруҷи навъи нави коронавирус паҳн гардидааст.
"Маводи мазкур ҳеҷ алоқамандие ба Вазорат надорад, он аз номи саҳифаҳои сохта ё ибораи дигар "фейк" нашру паҳн карда шудааст", - омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.
Зимнан, ин ниҳод аз кулли шаҳрвандон хост ба хабару овозаҳо бовар накунанд, зеро дар Тоҷикистон ягон навъи коронавирус мавҷуд нест.
Қаблан, Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъияти эпидемиологӣ дар кишвар зери назорат аст.
Градусник. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2025
Ташвиш накашед: Вазорат гуфт, вазъияти эпидемиологӣ зери назорат аст
Ба гуфтаи ӯ , сармои субҳу шом эҳтимолияти сирояти бемориҳои шамолхӯрӣ, роҳҳои болоии нафасро ба вуҷуд овардааст.
“Озмоишгоҳҳои вирусологии мо таҳқиқотҳоро бурдаистодаанд ва тавре мо ҳафтаи гузаштаро таҳлил кардем, ба истиснои мавҷудияти вируси зуком, ковид ва метапневмовирус, боқимонда аденовирус, реновирус, вирусҳои ба зуком монанд вуҷуд доранд”,- гуфта буд Ҷаъфаров.
Лентаи хабарҳо
0