Тоҷикистон ва Русия аудити лоиҳаҳои муштараки энержиро баррасӣ карданд

© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов республики ТаджикистанМинистр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джумъа встретился с министром энергетики Российской Федерации Сергеем Цивилевым.
Министр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джумъа встретился с министром энергетики Российской Федерации Сергеем Цивилевым. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2025
Обуна шудан
Тоҷикистону Русия бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ лоиҳаҳои муштараки энержии мавҷудбударо аудит хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Русия Сергей Сивилёв масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳо бо истифода аз манобеъи барқароршавандаи энергия мавриди баррасӣ кард.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
“Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳои манбаъҳои энергияи барқароршаванда (МЭБ) баррасӣ шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин вазорат ҳамчунин ҷонибҳо омодагиро ба мулоқоти навбатии роҳбарони Русия ва Тоҷикистон муҳокима карданд.
Қайд карда шудааст, ки дар мулоқот зарурати гузаронидани аудити лоиҳаҳои мавҷудбуда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии онҳо таъкид шуд.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2025
Вазир: таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба бозори нафти Тоҷикистон таъсир намегузоранд
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи баргузории мизи мудаввар бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Моҳи январ Далер Ҷумъа дар як нишасти хабарӣ эълом карда буд, ки Тоҷикистон ва Русия дар бораи иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи энержии офтобӣ гуфтугӯ мекунанд.
Илова бар ин, вай таъкид кард, ки ҳарду кишвар дар масъалаи ҳалли қарзи интиқоли нерӯи барқ ​​ба корхонаи муштараки нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба тавофуқи усулӣ расиданд.
Ҷонибҳо барои ворид намудани ислоҳоти дахлдор ба созишномаи байниҳукуматӣ кор доранд.
Лентаи хабарҳо
0