https://sputnik.tj/20250308/talabot-shahrvandon-rusiya-korthoi-bonki-tojikiston-afzoish-1066492826.html
Талаботи шаҳрвандони Русия ба кортҳои бонкии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Талаботи шаҳрвандони Русия ба кортҳои бонкии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Русия ба барориши фосилавии кортҳои бонкҳои Тоҷикистон аз ҷумла ба кортҳои Visa ва UnionPay алоқамандии зиёд пайдо карданд
2025-03-08T11:39+0500
2025-03-08T11:39+0500
2025-03-08T11:39+0500
дар тоҷикистон
бонк
корти пардохт
русия
талабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054903122_67:171:3150:1905_1920x0_80_0_0_4c10cf9dcb227132f6b4dece4a9a72fe.png
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар авоили соли 2025, сокинони Русия ба барориши фосилавии кортҳои бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.Дар ин бора рӯзномаи "Ведомости" хабар медихад.Ба иттилои нашрия мардуми Русия, барои осон кардани рафту омад ва хириду фурӯш дар хориҷ роҳҳои алтернативӣ меҷӯянд.Дар натиҷа, таваҷҷуҳ ба бонкҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон зиёд шудааст.Дар ин кишварҳо кортҳои низомҳои байналмилалии пардохтӣ, аз қабили Visa, Mastercard ва UnionPay дастрасанд.Дар Тоҷикистон шаҳрвандон метавонед кортҳои Visa ва UnionPay, дар Қирғизистон Visa ва дар Узбекистон Visa, Mastercard ва UnionPay гиранд.Ғайр аз ин дар ин кишварҳо метавон суратҳисоб боз кард ва барои гирифтани корт ба таври фосилавӣ, бидуни ҳузури шахсӣ дархост кард.Қайд карда шудааст, ки мӯҳлати амали чунин кортҳо метавонад то панҷ сол бошад.Дар пасманзари афзоиши талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ дар Осиёи Марказӣ миёнаравҳое, ки барои дарёфти корт кумак пешниҳод мекунанд, фаъолтар шудаанд.Нархи хидматҳои миёнаравӣ, ба гуфтаи нашрия, аз 15 то 70 ҳазор рубл аст.Ёдовар мешавем, ки системаҳои пардохтии байналмилалии Visa ва Mastercard фаъолияти худро дар Русия моҳи марти соли 2022 пас аз сар задани амалиёти низомӣ дар Украина қатъ карданд.
https://sputnik.tj/20230215/afzoishi-nazarras-kort-pardokhti-bonk-tojikiston-1054935374.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054903122_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_38ae7271a2cd5233b708a00033769073.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, шаҳрвандон, кортҳои бонкӣ, талабот, афзоиш,visa ва unionpay
тоҷикистон, русия, шаҳрвандон, кортҳои бонкӣ, талабот, афзоиш,visa ва unionpay
Талаботи шаҳрвандони Русия ба кортҳои бонкии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Шаҳрвандони Русия ба барориши фосилавии кортҳои бонкҳои Тоҷикистон аз ҷумла ба кортҳои Visa ва UnionPay алоқамандии зиёд пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар авоили соли 2025, сокинони Русия ба барориши фосилавии кортҳои бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Дар ин бора рӯзномаи "Ведомости" хабар медихад.
Ба иттилои нашрия мардуми Русия, барои осон кардани рафту омад ва хириду фурӯш дар хориҷ роҳҳои алтернативӣ меҷӯянд.
Дар натиҷа, таваҷҷуҳ ба бонкҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон зиёд шудааст.
Дар ин кишварҳо кортҳои низомҳои байналмилалии пардохтӣ, аз қабили Visa, Mastercard ва UnionPay дастрасанд.
Дар Тоҷикистон шаҳрвандон метавонед кортҳои Visa ва UnionPay, дар Қирғизистон Visa ва дар Узбекистон Visa, Mastercard ва UnionPay гиранд.
Ғайр аз ин дар ин кишварҳо метавон суратҳисоб боз кард ва барои гирифтани корт ба таври фосилавӣ, бидуни ҳузури шахсӣ дархост кард.
Қайд карда шудааст, ки мӯҳлати амали чунин кортҳо метавонад то панҷ сол бошад.
Дар пасманзари афзоиши талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ дар Осиёи Марказӣ миёнаравҳое, ки барои дарёфти корт кумак пешниҳод мекунанд, фаъолтар шудаанд.
Нархи хидматҳои миёнаравӣ, ба гуфтаи нашрия, аз 15 то 70 ҳазор рубл аст.
Ёдовар мешавем, ки системаҳои пардохтии байналмилалии Visa ва Mastercard фаъолияти худро дар Русия моҳи марти соли 2022 пас аз сар задани амалиёти низомӣ дар Украина қатъ карданд.