Дар Душанебе дар ярмаркаи анъанавӣ чиро харидан мумкин аст - видео

Обуна шудан
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" намоиш –фурӯши чакан баргузор гардид
Дар арафаи Рӯзи Модар дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Фестивали "Сад ранги чакан" ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор гардид.
Мақсади асосии баргузории ин намоиш-фурӯш баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Дар он аз тамоми ҷумҳурӣ ҳунармандон ҷамъ омада, маҳсулоти худро ба намоиш-фурӯш гузоштанд.
"Сад ранги чакан": Тарроҳону ҳунармандони тамоми кишвар дар Душанбе ҷамъ омаданд – видео
Дар намоиш-фурӯши чакан либоси миллӣ, матоъҳои гуногун, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тоқиву ҷузвдонҳо, зару зевар, армуғон ва дигар маҳсулоти дастии ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки намоиш–фурӯши чакан дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Бояд қайд кард, ки аз 12 то 18 апрели соли 2024 бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Фестивали "Сад ранги чакан" дар майдони "800- солагии Москва"- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0