"Сад ранги чакан": Тарроҳону ҳунармандони тамоми кишвар дар Душанбе ҷамъ омаданд – видео

Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" тарроҳону ҳунармандон аз тамоми манотиқи кишварро ҷамъ овард
Дар Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев" бахшида ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ бо иштироки тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" ҷамъбаст гардид.
дар оғози фестивал иштирокдорон намоишгоҳи ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзиро, ки аз ҷониби ҳунармандон шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, тамошо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали "Сад ранги чакан" дар мамлакат аз соли 2018 инҷониб бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Қарори Рустами Эмомалӣ барои баргузории ҷашнвораи атласу адрас
Фестивал ҳамасола бо фарогирии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар 3 давр баргузор мегардад.
Даври якум бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, тарроҳ дар сатҳи маҳаллаю деҳа ва шаҳраку ҷамоат аз 25 январ то 15 феврал доир гардид.
Даври дуюм дар сатҳи вилоят ва минтақаҳо аз 18 то 28 феврал гузаронида шуд.
Даври сеюм имрӯз бо ташкили барномаи консертию театрӣ ва мукофотсупорӣ ба тарроҳон ва иштирокчиёни фаъол доир гардид.
Лентаи хабарҳо
0