https://sputnik.tj/20250307/siposi-rahmon-az-bonuvon-ishtiroki-intikhoboti-parlumoni-1066485698.html
Сипоси Раҳмон аз бонувон барои иштироки фаъол дар интихоботи парлумонӣ
Сипоси Раҳмон аз бонувон барои иштироки фаъол дар интихоботи парлумонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш таъкид кард, ки интихоботи парлумонӣ дар кишвар дар фазои орому осуда баргузор гардид
2025-03-07T15:29+0500
2025-03-07T15:29+0500
2025-03-07T15:48+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
бонувон
занон
интихобот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/07/1066484075_395:277:1760:1045_1920x0_80_0_0_e38a854b1cc6c67f495f859f501aabbf.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи Модар таъкид кард, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, яъне мақоми олии қонунгузори мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои орому осуда баргузор гардид.Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ модарону занон ва бонувону духтарон фаъолона иштирок карданд.Раҳбари кишвар аз ҳамаи бонувони кишвар барои иштирок дар интихобот сипосу миннатдорӣ баён кард.Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳукумати кишвар, масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.“Мо ба масъалаи мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон таваҷҷуҳи хосса медиҳем ва ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷибашон шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё менамоем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.Раисҷумҳур гуфт, ки танҳо дар чор соли охир чор санади муҳим қабул карда шуд, ки ҳоло амалӣ гардида истодааст.Вай илова кард, ки ҳукумати Тоҷикистон то соли 2030, шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30% расонида мешавад.Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки шумораи кадрҳои роҳбарикунанда дар ин давра ба 25 фоиз расонида мешавад.Зимни суханрониаш президенти Тоҷикистон илова кард, ки занони тоҷик дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандису энергетик ва варзишгар буданашон, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва хизматчии ҳарбиву корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шинохта шудаанд.Вай гуфт, танҳо дар солҳои 2020 – 2024 дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат 121 нафар бонувону занони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд.
https://sputnik.tj/20250307/rahmon-dukhtaroni-tojik-kishvarhoi-khorij-omukhtani-ilmu-donish-1066484783.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/07/1066484075_49:0:1870:1366_1920x0_80_0_0_02f969842220d18167dfb7ecf1f741b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сипос, раҳмон, бонувон, интихобот, сиёсат
тоҷикистон, сипос, раҳмон, бонувон, интихобот, сиёсат
Сипоси Раҳмон аз бонувон барои иштироки фаъол дар интихоботи парлумонӣ
15:29 07.03.2025 (Навсозишуда: 15:48 07.03.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш таъкид кард, ки интихоботи парлумонӣ дар кишвар дар фазои орому осуда баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи Модар таъкид кард, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, яъне мақоми олии қонунгузори мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои орому осуда баргузор гардид.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ модарону занон ва бонувону духтарон фаъолона иштирок карданд.
Раҳбари кишвар аз ҳамаи бонувони кишвар барои иштирок дар интихобот сипосу миннатдорӣ баён кард.
“Қобили зикр аст, ки 18 нафар занону бонувон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд ва боиси ифтихор мебошад”, - гуфт президенти кишвар.
Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳукумати кишвар, масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
“Мо ба масъалаи мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон таваҷҷуҳи хосса медиҳем ва ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷибашон шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё менамоем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳур гуфт, ки танҳо дар чор соли охир чор санади муҳим қабул карда шуд, ки ҳоло амалӣ гардида истодааст.
“Ҳадафи асосии санадҳои зикршуда фароҳам овардани шароиту имкониятҳои зарурӣ барои истифодаи пурраи қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, мусоидат ба пойдории оила ва ба ин васила таъмин намудани рушди устувори ҷомеа мебошад”, - афзуд ӯ.
Вай илова кард, ки ҳукумати Тоҷикистон то соли 2030, шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30% расонида мешавад.
Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки шумораи кадрҳои роҳбарикунанда дар ин давра ба 25 фоиз расонида мешавад.
Зимни суханрониаш президенти Тоҷикистон илова кард, ки занони тоҷик дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандису энергетик ва варзишгар буданашон, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва хизматчии ҳарбиву корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шинохта шудаанд.
Вай гуфт, танҳо дар солҳои 2020 – 2024 дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат 121 нафар бонувону занони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд.