https://sputnik.tj/20250307/rahmon-dukhtaroni-tojik-kishvarhoi-khorij-omukhtani-ilmu-donish-1066484783.html
Раҳмон: 13 ҳазор духтарони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш машғуланд
Раҳмон: 13 ҳазор духтарони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш машғуланд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дар хориҷи кишвар даҳҳо ҳазор нафар духтарони боистеъдоди тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд
2025-03-07T12:59+0500
2025-03-07T12:59+0500
2025-03-07T12:59+0500
дар тоҷикистон
таҳсил
маориф
духтарон
хориҷ
бонувон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/07/1066483738_327:388:1787:1209_1920x0_80_0_0_6b76d3538d794cf677d79f1251acbb43.jpg
ДУШАНБЕ, 7мар — Sputnik. Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи Модариброз дошт, ки имрӯзҳо дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди кишвар таҳсил мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.Вай гуфт, ки танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.Раҳбари кишвар қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.Кишардори Тоҷикистон илова кард, ки ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.Президенти Тоҷикистон зимни суханрониаш зикр кард, ки ташаббусҳои Ҳукумати кишвар ба афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд.Вай афзуд аз оғози таъсиси квотаи президентӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар духтарони боистеъдоди мо, бахусус, аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо истифода аз ин имконият хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият доранд.Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 680 ҳазор нафар духтарону бонувон ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.
https://sputnik.tj/20250306/raisi-viloyati-sughd-zanon-viloyat-sahm-1066474673.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/07/1066483738_152:0:1972:1365_1920x0_80_0_0_5a8c154f2c3f87650ead469f5779089c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, духтарон, таҳсил, хориҷ, боистеъдод, маориф
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, духтарон, таҳсил, хориҷ, боистеъдод, маориф
Раҳмон: 13 ҳазор духтарони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш машғуланд
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дар хориҷи кишвар даҳҳо ҳазор нафар духтарони боистеъдоди тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 7мар — Sputnik. Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи Модариброз дошт, ки имрӯзҳо дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди кишвар таҳсил мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Вай гуфт, ки танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
“Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989, яъне дар 70 соли низоми гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари кишвар қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.
“Яъне шумораи духтарону бонувони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Кишардори Тоҷикистон илова кард, ки ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.
Президенти Тоҷикистон зимни суханрониаш зикр кард, ки ташаббусҳои Ҳукумати кишвар ба афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд.
Вай афзуд аз оғози таъсиси квотаи президентӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар духтарони боистеъдоди мо, бахусус, аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо истифода аз ин имконият хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият доранд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 680 ҳазор нафар духтарону бонувон ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.