https://sputnik.tj/20250307/hushdori-khf-rohho-khatari-laghzishi-tarma-boqi-1066481059.html
Ҳушдори КҲФ: Дар роҳҳо хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст
Ҳушдори КҲФ: Дар роҳҳо хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст
2025-03-07T09:21+0500
2025-03-07T09:21+0500
2025-03-07T09:21+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
резиши тарма
роҳҳо
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061065836_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_af08458e60d64e7fc8d5ef7c461fc85e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Боришоти зиёд дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ва гарм шудани дамои рӯзҳои ахир хатари лағзиши тармаро ба бор овардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти КҲФ.Ба иттилои манбаъ, вазъият дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нигаронкунанда боқӣ мемонад.КҲФ дар истинод ба ҳавошиносони тоҷик хабар додааст, ки то 7 марти соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи баланди бориши барф боқӣ мемонад.Ин ниҳод қайд кардааст, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои автомобилгард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали КҲФ посбонӣ карда мешаванд.КҲФ таъкид кардааст, ки ин тадбирҳо дар давраҳои хавфи ба амал омадани вазъияти фавққулодда дар роҳҳо, ки дар натиҷаи лағзиши тарма ба амал омадаанд, заруранд.Дар робита ба ин, КҲФ-и Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
https://sputnik.tj/20250304/tarma-roh-dushanbe-chanoq-7-nafar-zer-kard-1066443394.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061065836_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_681e613014d5803a95083d60b0d6da3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, ҳушдор, хатари лағзиши тарма, сармо, обуҳавошиносон
тоҷикистон, кҳф, ҳушдор, хатари лағзиши тарма, сармо, обуҳавошиносон
Ҳушдори КҲФ: Дар роҳҳо хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Боришоти зиёд дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ва гарм шудани дамои рӯзҳои ахир хатари лағзиши тармаро ба бор овардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, вазъият дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
КҲФ дар истинод ба ҳавошиносони тоҷик хабар додааст, ки то 7 марти соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи баланди бориши барф боқӣ мемонад.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои автомобилгард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали КҲФ посбонӣ карда мешаванд.
КҲФ таъкид кардааст, ки ин тадбирҳо дар давраҳои хавфи ба амал омадани вазъияти фавққулодда дар роҳҳо, ки дар натиҷаи лағзиши тарма ба амал омадаанд, заруранд.
Дар робита ба ин, КҲФ-и Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.