Тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ 7 нафарро зер кард

© Foto / КЧС ТаджикистанаСпасатели КЧС спасли 7 граждан из-под лавины
Спасатели КЧС спасли 7 граждан из-под лавины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2025
Обуна шудан
КҲФ мегӯяд, ба осебдидагон ёрии аввалия расонида шуд ва онҳоро зуд ба минтақаи бехавф интиқол доданд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар роҳи Душанбе-Чаноқ як мошин бо 7 нафар зери тарма монд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки тарма нисфирӯзи 3 март дар километри 68-уми ин шоҳроҳ фаромада, мошинро зер кард.
Работы по расчистке лавин на трассе Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
IRS: Роҳи Душанбе Чаноқ боз шуд, аммо хатари фаромадани тарма боқӣ
Манбаъ афзуд, наҷотбахшон ҳар 7 нафарро зиндаву саломат аз дохили мошин берун оварданд.
"Ба осебдидагон ёрии аввалия расонида шуда, ба минтақаи бехавф интиқол дода шуданд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан худдорӣ карданд", - омадааст дар хабари Кумита.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз сафар ва рафтан ба минтақаҳои хавфи тармафароӣ худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ин масир як мошини сабукрав зери тарма монд ва ронанда ба ҳалокат расид.
Ҳодиса дар мавзеи Зимарғи ноҳияи Айнӣ рух дод ва ронандаи 38-сола ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро наҷотбахшон ва пайвандонаш аз зери тарма берун оварданд.
Лентаи хабарҳо
0