Бонки Ҷаҳонӣ: Интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ 45% ММД-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРабота сервиса доставки еды
Работа сервиса доставки еды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2025
Обуна шудан
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ раванди муҳоҷират ва имконот дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро таҳлил карданд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) дар Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз сарчашмаҳои асосии даромади миллионҳо шаҳрвандон боқӣ мемонад.
Ин хулосаро коршиносони Бонк бар асоси таҳлили тамоюлҳои муосири муҳоҷират ва имконот дар минтақа кардаанд.
Тибқи маълумоти онҳо, дар соли 2024 маблағи интиқолии муҳоҷирон 45%маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст.
Бонки Ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки ин нишондиҳанда баландтарин дар ҷаҳон будааст. Аз ҷумла, дар Қирғизистон он ба 24% ММД ва дар Ӯзбекистон 14% ММД расидааст.
"Тафовути даромадҳо, номутавозунии демографӣ, тағирёбии иқлим ва муноқишаҳои мусаллаҳона ба афзоиши раванди муҳоҷират дар саросари ҷаҳон идома медиҳанд", -гуфта мешавад дар изҳорот.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2024
Ғарб бо истифода аз масъалаи муҳоҷират мехоҳад равобити Русияву Тоҷикистонро вайрон кунад
Коршиносон ҳамчунин таъкид карданд, ки интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷ ба коҳиши қобили мулоҳизаи мизони фақр дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
"Муҳоҷирони ин кишварҳо бо кор дар хориҷа метавонанд даромади худро ду ва се баробар афзоиш диҳанд, ки ин сатҳи зиндагии хонаводаҳои онҳоро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар мекунад. Масалан, дар Қирғизистон мизони камбизоатӣ дар байни хонаводаҳое, ки аз хориҷ ба онҳо пул мефиристанд, камтар аз 10% аст, дар ҳоле ки бидуни онҳо метавонад беш аз 50%-ро ташкил хоҳад дод. Дар Узбакистон, набудани интиқоли пул метавонад сатҳи камбизоатиро 9,6% то 16,8% зиёд хоҳад ёфт", - кайд намуд.
То соли 2023 беш аз 80 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия рафтаанд. Дар гузориш омадааст, ки ҷараёнҳо аз Узбакистон гуногунанд: 57% дар Русия, 15% дар Қазоқистон ва 10% дар Украина кор кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0