Маълум шуд, ки занони кадом минтақаи Русия бештар шавҳари тоҷик мекунанд

© Sputnik / Aleksei Mayshev / Гузариш ба медиабонкБукет в руках невесты на свадьбе в Шипиловский ЗАГСе
Букет в руках невесты на свадьбе в Шипиловский ЗАГСе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2025
Обуна шудан
Занони минтақаи Саратови Русия аз миёни шаҳрвандони хориҷӣ бештар ҳамсарро аз байни шаҳрвандони Тоҷикистон интихоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раиси минтақавии Шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и Саратов Юлия Панамарева ахиран эълон кард, ки занони вилояти Саратов барои сохтани оила миёни хориҷиён бештар шаҳрвандони Тоҷикистонро интихоб мекунанд.
Вай гуфт, ки дар давоми ду моҳи соли равон панҷоҳ ҳолати барпо кардани оилаи байнидавлатӣ баста шудааст.
Хонум Пономарева изҳор дошт, ки дар моҳи январ ва феврал дар вилояти Саратов 47 издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
“26 зани маҳаллӣ ҳамсари хориҷӣ кард ва 21 марди вилоят ба зане, ки шаҳрванди кишвари дигар аст, издивоҷ кардааст”, гуфт ӯ.
Хонум Пономарева таъкид кардааст, ки аксар вақт занони Саратов барои худ ҳамчун шавҳар шаҳрвандони Тоҷикистон интихоб кардаанд. Шумори издивоҷи занони минтақаи Саратов бо шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳолатро ташкил додааст.
Молодожены держатся за руки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Дар Душанбе сатҳи издивоҷ афзудааст
Ҳамчунин занони ин минтақа бо шаҳрвандони Арманистон (5 ҳолат), Озарбойҷон (3 ҳолат), Узбекистон (3 ҳолат), Беларус (1 ҳолат), Ветнам (1 ҳолат), Миср (1 ҳолат), Ироқ (1 ҳолат), Қазоқистон (1 ҳолат), Молдова (1 ҳолат), Туркманистон (1 ҳолат) ва Фаронса (1 ҳолат) издивоҷ кардаанд.
Мардони ин минтақа низ бештар арӯсон аз Тоҷикистонро интихоб кардаанд. Дар ин минтақа 7 ҳолати издивоҷи мардони минтақаи Саратов бо занони тоҷик ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, мардони ин минтақа бо шаҳрвандони Озарбойҷон (4 ҳолат) ва Арманистон (3 ҳолат) Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Приднестровье ва Узбекистон (як ҳолатӣ) издивоҷ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0