https://sputnik.tj/20231017/dar-dushanbe-sathi-izdivoj-afzudaast-1059986704.html
Дар Душанбе сатҳи издивоҷ афзудааст
Дар Душанбе сатҳи издивоҷ афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Идораи САҲШ-и пойтахт дар нимаи аввали соли 2023 афзоиши шумори издивоҷҳоро сабт кардааст, дар ҳоле ки теъдоди талоқҳо 27% коҳиш ёфтааст
2023-10-17T11:03+0500
2023-10-17T11:03+0500
2023-10-17T11:03+0500
дар тоҷикистон
никоҳ
душанбе
оиладорӣ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103136/63/1031366342_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_5f8565ad7111da9a1fdad09a3e2e0da9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Душанбе теъдоди издивоҷҳои сабтиномшуда афзоиш ёфтааст. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба Оҷонсии омор хабар медиҳад. Ҳамин тариқ, шумори ақди никоҳ дар Душанбе нисбат ба нимаи аввали соли 2022 341 адад афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2023 беш аз 3,4 ҳазор ҷуфт издивоҷ карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,0% зиёд аст. Зимнан, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 940 ҳодисаи талоқ сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 349 ҳолат ё 27,1% камтар аст. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сатҳи никоҳ 2,2% (14 ҷуфт) кам шуда, аммо дар ноҳияи Фирдавсӣ 6,8% (50 ҷуфт), дар ноҳияи Шоҳмансур 40,8% (200 ҷуфт) ва дар ноҳияи Сино 8,6% ё 105 ҷуфт зиёд шудааст. Камшавии шумораи талоқҳои ба қайд гирифташуда дар ноҳияи Фирдавсӣ – 34,7% (122 ҳолат), Шоҳмансур – 30,0% (72 ҳолат), Исмоили Сомонӣ – 16,8% (30 ҳолат) ва Сино – 24,1% ё 125 ҳолат аст. Дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба ҳар ҳазор издивоҷ 274 талоқ рост омад, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2022 418 ҳолатро ташкил медиҳад. Мақомот мегӯянд, ки яке аз сабабҳои коҳиши оилавайронӣ дар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20220727/avval-tabobat-tuy-tashkhis-izdivoj-bemoron-1050305193.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103136/63/1031366342_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a99b74c3edfd9737c8c1d8e0abb36cb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе издивоҷ афзоиш талоқ
душанбе издивоҷ афзоиш талоқ
Дар Душанбе сатҳи издивоҷ афзудааст
Идораи САҲШ-и пойтахт дар нимаи аввали соли 2023 афзоиши шумори издивоҷҳоро сабт кардааст, дар ҳоле ки теъдоди талоқҳо 27% коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Душанбе теъдоди издивоҷҳои сабтиномшуда афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба Оҷонсии омор хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, шумори ақди никоҳ дар Душанбе нисбат ба нимаи аввали соли 2022 341 адад афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2023 беш аз 3,4 ҳазор ҷуфт издивоҷ карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,0% зиёд аст.
Зимнан, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 940 ҳодисаи талоқ сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 349 ҳолат ё 27,1% камтар аст.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сатҳи никоҳ 2,2% (14 ҷуфт) кам шуда, аммо дар ноҳияи Фирдавсӣ 6,8% (50 ҷуфт), дар ноҳияи Шоҳмансур 40,8% (200 ҷуфт) ва дар ноҳияи Сино 8,6% ё 105 ҷуфт зиёд шудааст.
Камшавии шумораи талоқҳои ба қайд гирифташуда дар ноҳияи Фирдавсӣ – 34,7% (122 ҳолат), Шоҳмансур – 30,0% (72 ҳолат), Исмоили Сомонӣ – 16,8% (30 ҳолат) ва Сино – 24,1% ё 125 ҳолат аст.
Дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба ҳар ҳазор издивоҷ 274 талоқ рост омад, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2022 418 ҳолатро ташкил медиҳад.
Мақомот мегӯянд, ки яке аз сабабҳои коҳиши оилавайронӣ дар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.