Қарори Рустами Эмомалӣ барои баргузории ҷашнвораи атласу адрас

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанФестиваль "Таджикский атлас и адрас 2020" во дворце Арбоб
Фестиваль Таджикский атлас и адрас 2020 во дворце Арбоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе бораи баргузор намудани даври дуюми Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо дар пойтахт қарор ба имзо расондааст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Рӯзи 27 май дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир мешавад.
Қарор дар ин бораро раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба имзо расондааст.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, аз ҳисоби Фонди захиравии раиси шаҳр беш аз 8 ҳазор сомониро барои баргузории ҷашнвора ҷудо намояд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон чорабинию ҷашнвораҳои гуногун барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таблиғи либосҳои миллӣ баргузор мешаванд.
Таджикский текстиль на выставке Сугд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2023
Мақомоти Суғд ба барандаи фестивали "Атласу Адрас" панҷ ҳазор сомонӣ медиҳанд
Аз ҷумла ахиран ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" бо иштироки ҳунармандон аз манотиқи Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, ки ҳадафи он тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани нақши сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ ва намоиши ҳунари мардумӣ арзёбӣ шуд.
Барномаи ин ҷашнвора, ки дар се давр баргузор гардид, бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар он тарроҳону чакандӯзон, сӯзанидӯзону чеварон ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.
Баргузории фестивал ин арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад, изҳор доштанд мақомоти тоҷик.
Лентаи хабарҳо
0