https://sputnik.tj/20250306/rahmon-avvalin-ijlosiya-parmon-tozaintikhobro-elon-kard-1066470402.html
Раҳмон санаи аввалин иҷлосияи пармони тозаинтихобро эълон кард
Раҳмон санаи аввалин иҷлосияи пармони тозаинтихобро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
19 март таҳти раёсати Раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаласаи якуми иҷлосияи парлумони Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
2025-03-06T11:59+0500
2025-03-06T11:59+0500
2025-03-06T12:01+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
фармон
иҷлосия
парлумон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065706205_0:92:1280:812_1920x0_80_0_0_7326a652e80393521a9c3523c61a1ce8.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Фармони президенти Тоҷикистон дар бораи баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ёдовар мешавем, ки 2 март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки дар он Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пирӯз шуд.Тавре Раиси КМИР Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар брифинг изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 986 ҳазору 887 нафар ё 21 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 237 ҳазору 563 нафар ё 5,1 фоиз, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 595 ҳазору 281 нафар ё 12,7 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 89 ҳазору 738 нафар ё 1,9 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 248 ҳазору 64 нафар ё 5,3 фоиз ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар ё 51,9 фоиз овоз додаанд.Ҳамчунин ба гуфтаи раиси КМИР, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон — 5 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон — 3 мандати вакилӣ, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд.Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3% шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, дар натиҷаи интихоботи баргузоргардида аз ҳизбҳои сиёсии дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирокнамуда аз рӯйхати номзадҳо ва ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмуъ намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.Иброз гардид, ки интихобот ошкорою шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардида, дар он аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
https://sputnik.tj/20250303/nozironi-idm-shsh-intikhobot-parlumoni-tojikiston-demokrati-shaffof-1066430690.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065706205_27:0:1164:853_1920x0_80_0_0_f3a14c581430371e41431e102635484a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парлумон, иҷлосия, аввалин, раҳмон, фармон, сиёсат
тоҷикистон, парлумон, иҷлосия, аввалин, раҳмон, фармон, сиёсат
Раҳмон санаи аввалин иҷлосияи пармони тозаинтихобро эълон кард
11:59 06.03.2025 (Навсозишуда: 12:01 06.03.2025) 19 март таҳти раёсати Раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаласаи якуми иҷлосияи парлумони Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Фармони президенти Тоҷикистон дар бораи баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки 2 март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки дар он Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пирӯз шуд.
Тавре Раиси КМИР Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар брифинг изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 986 ҳазору 887 нафар ё 21 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 237 ҳазору 563 нафар ё 5,1 фоиз, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 595 ҳазору 281 нафар ё 12,7 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 89 ҳазору 738 нафар ё 1,9 фоиз, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 248 ҳазору 64 нафар ё 5,3 фоиз ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар ё 51,9 фоиз овоз додаанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи раиси КМИР, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон — 5 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон — 3 мандати вакилӣ, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3% шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, дар натиҷаи интихоботи баргузоргардида аз ҳизбҳои сиёсии дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирокнамуда аз рӯйхати номзадҳо ва ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмуъ намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.
Иброз гардид, ки интихобот ошкорою шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардида, дар он аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуданд.