Дар Тоҷикистон қолинҳои машҳури Қайроққум чӣ гуна истеҳсол мешаванд: видео

Обуна шудан
Корхонаи қолинбофии "Қайрокқум" 65 сол пеш дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, то имрӯз фаъолият мекунад ва шуҳрати зиёд дорад
Санъати бофтани нақшу нигори анъанавӣ дар Шарқ садҳо сол боз вуҷуд дорад.
Корхонаи қолинбофии Қайроққум дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷойгир аст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз корхонае, ки имрӯз 65-солагиашро ҷашн мегирад гузориш омода кардааст.
Аз замонҳои қадим қолин яке аз тӯҳфаҳои асосии арӯсӣ барои навхонадорон маҳсуб мешуд ва ин анъана то имрӯз боқӣ мондааст.
Коргоҳи нимасра: қолинҳои зебову пурҷилои тоҷикӣ чи гуна истеҳсол мешаванд – видео
Рассомони коргоҳ дар рӯи қолинҳо нақшу тасвирҳо меофаранд, ки ин ҳунари бостонии тоҷиконро муаррифӣ мекунанд.
Маҳсулоти корхона на танҳо манзили сокинонро оро медиҳад, балки ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад.
Корхонаи Қайроққум ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо истеҳсоли қолинҳои рангоранг, зебо ва хушсифат шӯҳрат дошт ва ин шӯҳрати худро то имрӯз аз даст надодааст.
Лентаи хабарҳо
0