Коргоҳи нимасра: қолинҳои зебову пурҷилои тоҷикӣ чи гуна истеҳсол мешаванд – видео

Обуна шудан
Комбинати қолинбофии “Қайроққум” шаст сол қабл дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, то имрӯз мунтазам фаъол ва аз шуҳрати дохиливу хориҷӣ бархӯрдор аст
Ҳунари бофтани қолинҳои пур аз нақшу нигор садсолаҳо пеш дар рӯзгори мардуми машриқзамин арзи вуҷуд кардааст.
Аз ҳамон замонҳо гилем (қолин) аз тӯҳфаҳои асосӣ дар маросими арӯсии навхонадорон ба ҳисоб мерафт ва ин анъана имрӯз ҳам роиҷ аст.
Рассомони коргоҳи “Қайроққум” ҳоло дар қолинҳо нақшу тасвирҳоеро эҷод мекунанд, ки ин ҳунари қадимии тоҷиконро таҷассум менамояд.
Қолинҳои пур аз рангу нигори ин коргоҳ на танҳо хонаву кошонаҳои сокинонро ҷило медиҳанд, балки бо доштани сифат ва зебоии хос ба кишварҳои хориҷ низ содир мешаванд.
Содироти Қолинҳои Тоҷикистон ба Русия ва Ӯзбекистон
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба коргоҳи “Қайроққум” ба шаҳри Гулистони Суғд рафт ва ҷараёни истеҳсоли қолинҳои пур аз нақшу тасвири тоҷикиро ба навор гирифт.
Ҳоло дар ин коргоҳ ҳудуди 500 нафар умдатан занон ба шуғл фаро гирифтаанд.
Соли 2022 дар ин коргоҳ ҳаҷми истеҳсоли қолин ба 3 млн метри мураббаъ расонида шудааст, ки давоми солҳои охир нишондоди аз ҳама баланд гуфта мешавад.
Бино ба гуфти Азимҷон Абдуллоев, сардори шуъбаи иқтисоди корхона, масолеҳи дар ин коргоҳ истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, ҳамчунин он ба шуморе аз кишварҳои хориҷи дуру наздик содир мешавад.
Сабукӣ барои рушди қолинбофӣ дар ИИАО
“Мо ба Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Бангладеш, Эрон, Туркия ва дигар кишварҳо робитаҳои мустақими иқтисодӣ дорем қолинҳои мо ба давлатҳо содир мешаванд” – гуфт, Абдуллоев.
Комбинати “Қайроққум” бо истеҳсоли қолинҳои рангоранги зебову босифат дар замони Шӯравӣ маъруф буд ва то имрӯз ин маҳбубиятро ҳифз намудааст.
Лентаи хабарҳо
0