Сурудҳои Артек дар Душанбе садо доданд - видео

Обуна шудан
Маркази байналмилалии кӯдаконаи "Артек" имсол 100-солагии худро ҷашн мегирад. Бахшида ба ин рӯз дар бархе аз кишварҳо чорабиниҳо баргузор мешаванд
Аз ҷумла дар Тоҷикистон мактаббачагон рӯзҳои 4 ва 5 март имкон доштанд ба фаъолияти Артек ҳамроҳ шуда, аз шароити сафар ошно шаванд.
Раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев рӯзҳои Артекро дар Хонаи Русия дар Душанбе ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имсол низ 100-умин солгарди дипломатияи мардумӣ таҷлил мешавад.
Ин урдугоҳи афсонавии кӯдакона, ки дар Қрим ҷойгир аст, дар тӯли таърихи садсолаи худ ба кӯдакон ва наврасон аз тамоми ҷаҳон имкон дод, якҷо дидор намоян, дӯстӣ пайдо кунанд ва таҷрибаи бебаҳои Артекро аз сар гузаронанд.
Наврасони тоҷик бо пойтахти кайҳонии Русия шинос мешавад
"Артек" ягона дар ҷаҳон аст, ки ба кӯдакон аз кишварҳои гуногун шароити муошират, дӯстӣ карданро фароҳам месозад", - таъкид кард муовини директор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии Маркази байналмилалии кӯдаконаи "Артек" Раиса Панченко.
Қайд карда шудааст, ки дар давоми ду рӯз мактаббачагони Душанбе метавонанд на танҳо бо таърих ва лоиҳаҳои муосири марказ ошно шаванд, балки дар дарсҳои маҳорат аз рӯи бофандагӣ, расмкашии лӯхтакчаҳои матрешка, сохтани ҷавоҳирот ва тӯҳфаҳои "Артек" бо истифода аз қаламҳои 3D иштирок намоянд.
Лентаи хабарҳо
0