https://sputnik.tj/20230821/navrasoni-tojik-poytakht-kayhoni-rusiya-shinos-1058956383.html
Наврасони тоҷик бо пойтахти кайҳонии Русия шинос мешавад
Наврасони тоҷик бо пойтахти кайҳонии Русия шинос мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Кӯдакон аз Тоҷикистон бояд барои ҳамтоён аз кишварҳои дигар давлати худро муаррифӣ мекунанд ва ҳамчунин бо фарҳангу таърихи Русия ошно шаванд
2023-08-21T14:27+0500
2023-08-21T14:27+0500
2023-08-21T19:36+0500
маориф
таҳсил
самара
боздид
русия
мактаббачагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058943196_0:0:1079:607_1920x0_80_0_0_cde1ce7df2d8b9a074c4cae17dea899d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Мактаббачагон аз Тоҷикистон бо пойтахти кайҳонии Русия шинос мешаванд, иттилоъ дод "Россотрудничество". Ба иттилои манбаъ, муҳассилин аз шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода феълан дар Самара қарор доранд. Ин боздид дар доираи барномаи "Салом, Русия!" имкони сафар пайдо карданд. Аввалан, бачаҳо ҷойҳои тамошобоби Маскавро диданд ва аллакай дар рӯзҳои истироҳат ба Самара омаданд. Дар ин ҷо наврасони тоҷикро барномаи ғании фарҳангиву маърифатӣ интизор аст, ки боздид аз осорхонаҳо ва боғҳои таърихӣ, дарсҳои маҳорат, флешмобҳоро фаро мегиранд. Илова бар ин, муҳассилин бо ҳамдигар муоширати фаъол карда, дар баробари муаррифии кишварҳои худ, бо фарҳанг ва таърихи Русия шинос хоҳанд шуд. Қаблан шаш нафар мактаббачагони шаҳри Душанбе ба лагери байналмилалии кӯдаконаи таълимӣ ва солимгардонии "Артек" роҳхатҳо гирифтанд.Мудири Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе Комилҷон Холов изҳор дошта буд, ки муҳассилин дар озмуни байналмиллалӣ аз рӯи барномаи Иттиҳоди ҷавонон ғолиб омада буданд. Ба барномаи фароғатии лагери кӯдакона мактаббачагон аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла - Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Сурия, Миср ва дигар кишварҳо ҷалб гардида буданд.
https://sputnik.tj/20230720/omuzgoron-tojik-takmil-ikhtisos-tomsk-raftand-1058370110.html
самара
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058943196_121:0:930:607_1920x0_80_0_0_81941c75d8f6333ee110bd685699b6e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳсил, боздид, русия, тоҷикистон, мактаббачагон
таҳсил, боздид, русия, тоҷикистон, мактаббачагон
Наврасони тоҷик бо пойтахти кайҳонии Русия шинос мешавад
14:27 21.08.2023 (Навсозишуда: 19:36 21.08.2023) Кӯдакон аз Тоҷикистон бояд барои ҳамтоён аз кишварҳои дигар давлати худро муаррифӣ кунанд, ва ҳамчунин бо фарҳангу таърихи Русия ошно шаванд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Мактаббачагон аз Тоҷикистон бо пойтахти кайҳонии Русия шинос мешаванд, иттилоъ дод "Россотрудничество".
Ба иттилои манбаъ, муҳассилин аз шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода феълан дар Самара қарор доранд. Ин боздид дар доираи барномаи "Салом, Русия!" имкони сафар пайдо карданд.
"Дар ин сафар дар маҷмӯъ беш аз 50 нафар кӯдак аз кишварҳои ИДМ, Австрия, Юнон, Португалия ва Лаҳистон иштирок мекунанд", - таъкид мекунад манбаъ.
Аввалан, бачаҳо ҷойҳои тамошобоби Маскавро диданд ва аллакай дар рӯзҳои истироҳат ба Самара омаданд.
Дар ин ҷо наврасони тоҷикро барномаи ғании фарҳангиву маърифатӣ интизор аст, ки боздид аз осорхонаҳо ва боғҳои таърихӣ, дарсҳои маҳорат, флешмобҳоро фаро мегиранд.
Илова бар ин, муҳассилин бо ҳамдигар муоширати фаъол карда, дар баробари муаррифии кишварҳои худ, бо фарҳанг ва таърихи Русия шинос хоҳанд шуд.
Қаблан шаш нафар мактаббачагони шаҳри Душанбе ба лагери байналмилалии кӯдаконаи таълимӣ ва солимгардонии "Артек" роҳхатҳо гирифтанд.
Мудири Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе Комилҷон Холов изҳор дошта буд, ки муҳассилин дар озмуни байналмиллалӣ аз рӯи барномаи Иттиҳоди ҷавонон ғолиб омада буданд.
Ба барномаи фароғатии лагери кӯдакона мактаббачагон аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла - Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Сурия, Миср ва дигар кишварҳо ҷалб гардида буданд.