IRS: Роҳи Душанбе Чаноқ боз шуд, аммо хатари фаромадани тарма боқӣ

© Foto / Пресс-служба компании IRSРаботы по расчистке лавин на трассе Душанбе-Чанак
Работы по расчистке лавин на трассе Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Обуна шудан
Барфрезии шадид дар роҳи Душанбе–Чаноқ ва фаромадани тармаҳо боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масир шуда буд. Ҳаракати нақлиёт ҳоло дар шоҳроҳ боз аст
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро бар уҳда дорад, эълон кард, ки ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе - Чаноқ аз сар гирифта шуд.
Ба гузориши ширкати IRS, тармаҳо тоза гардида, ҳаракат дар ҳарду самт иҷозат аст.
“Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ боз аст, аммо хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ширкат хабар дод, ки пас аз рафъи оқибати барфрезии шабона дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз чаҳор тармаи хурди дигар рух дод, хабар медиҳад IRS.
Ширкати таъкид кардааст, ки техникаи вижа онҳоро алакай тоза кардааст, вале хатари баланди фаромадани тарма дар масир боқӣ мондааст ва аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд.
Работы по расчистке лавин на трассе Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Барфи шадид ва тарма ягона роҳи пайвандгари ҷанубу шимоли Тоҷикистонро баст
Ба иттилои ширкат, дар масир дар умум 13 тармаи хурду калон фаромада, бо кӯмаки кормандони мо 7 мошин аз зери он раҳо гардид, хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест.
Гуфта мешавад, ки баландии барф дар баъзе қитъаҳои роҳи мазкур ба 60 сантиметр расидааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ ин масир дар пайи боришоти зиёди барф ва тармарезӣ барои муддати муаян баста шуд.
Лентаи хабарҳо
0