https://sputnik.tj/20250304/oblava-kor-mardum-vazorat-difo-sarbozgiri-guzarond-1066447046.html
Бе "облава" ва кор бо мардум: ба Вазорати дифоъ гуфтанд, сарбозгириро чигуна гузаронад
Бе "облава" ва кор бо мардум: ба Вазорати дифоъ гуфтанд, сарбозгириро чигуна гузаронад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазир аз Вазорати дифоъ хост, ки сифати даъвати баҳориро хуб ба роҳ монда, ҷавонписарони солиму бардамро дар ҳамкорӣ бо мардум ба артиш ҷалб кунад
2025-03-04T14:59+0500
2025-03-04T14:59+0500
2025-03-04T17:23+0500
дар тоҷикистон
вазорати дифоъи тоҷикистон
даъват ба хидмат
аскарӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/01/1057482692_0:75:720:480_1920x0_80_0_0_c5d9a3cbb8ad4948e0bfc2cdd87ae19f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон хост, ба роҳҳои ғайриқонунии ҷалби наваскарон хотима дода шавад. Ин нуктаро Ҳаётзода Фирдавс зимни ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ бо ҳузури муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ ва ҳайати Вазорати дифоъ изҳор дошт.Вай аз масъулини даъват хост, ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат диққати аввалиндараҷа диҳанд. Пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиш додани сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят аз таъкидоти дигари сарпрокурор будаст.Муовини сарвазир, ки раиси комиссия даъват аст, барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта, супориш дод Ҳамчунин вазири мудофиаи Тоҷикистон дар навбати худ аз вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳушдор дод. Собирзода Эмомалӣ гуфт, ки дар чунин як шароити бисёр ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳар як фарди низомиро мебояд, ки аз ҳарвақта дида дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намоянд. Вай зарурати тақвияти тамоми бахшҳои Артиши миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори мудифиавии кишварро таъкид намуд.Ёдовар мешавем, ки 19 феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо карда буд.Бар асоси фармон, давоми моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ ҷавонони аз 18 то 27-сола ба хидмат даъват мешаванд
https://sputnik.tj/20250220/prezident-farmoni-davati-bahori-askariro-imzo-kard-1066294051.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/01/1057482692_0:0:640:480_1920x0_80_0_0_1b58f13bad51610fb810c48f4db3a40b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват артиш тоҷикистон сарбозгирӣ
даъват артиш тоҷикистон сарбозгирӣ
Бе "облава" ва кор бо мардум: ба Вазорати дифоъ гуфтанд, сарбозгириро чигуна гузаронад
14:59 04.03.2025 (Навсозишуда: 17:23 04.03.2025) Муовини сарвазир аз Вазорати дифоъ хост, ки сифати даъвати баҳориро хуб ба роҳ монда, ҷавонписарони солиму бардамро дар ҳамкорӣ бо мардум ба артиш ҷалб кунад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон хост, ба роҳҳои ғайриқонунии ҷалби наваскарон хотима дода шавад.
Ин нуктаро Ҳаётзода Фирдавс зимни ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ бо ҳузури муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ ва ҳайати Вазорати дифоъ изҳор дошт.
Вай аз масъулини даъват хост, ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиш додани сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят аз таъкидоти дигари сарпрокурор будаст.
Муовини сарвазир, ки раиси комиссия даъват аст, барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта, супориш дод
"Масъулини комиссияҳои даъватӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳангӣ намуда, баҳри сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамкориро бо мардум, ҷавонони сини даъватӣ, волидони онҳо боз ҳам тақвият бахшанд", - гуфтааст вай.
Ҳамчунин вазири мудофиаи Тоҷикистон дар навбати худ аз вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳушдор дод.
Собирзода Эмомалӣ гуфт, ки дар чунин як шароити бисёр ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳар як фарди низомиро мебояд, ки аз ҳарвақта дида дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Вай зарурати тақвияти тамоми бахшҳои Артиши миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори мудифиавии кишварро таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки 19 феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо карда буд.
Бар асоси фармон, давоми моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ ҷавонони аз 18 то 27-сола ба хидмат даъват мешаванд