https://sputnik.tj/20250220/prezident-farmoni-davati-bahori-askariro-imzo-kard-1066294051.html
Президент фармони даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо кард
Президент фармони даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, фармони дар бораи ба эҳтиёт рухсат додану ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандонро имзо кард
2025-02-20T09:36+0500
2025-02-20T09:36+0500
2025-02-20T09:36+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
президент
фармон
даъвати баҳорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064853960_113:154:1273:807_1920x0_80_0_0_2178197f8bac7c080a92cf64bb550951.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.Тибқи фармони президент хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.Ҳамин тавр, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
https://sputnik.tj/20231126/khizmat-pulaki-tojikiston-garontar-1060610913.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064853960_64:0:1118:791_1920x0_80_0_0_95da566cd305ab89a9a250b84b6b3c7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, президент, фармон, даъвати баҳорӣ, аскарӣ, имзо,
тоҷикистон, президент, фармон, даъвати баҳорӣ, аскарӣ, имзо,
Президент фармони даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон, фармони дар бораи ба эҳтиёт рухсат додану ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандонро имзо кард
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Тибқи фармони президент хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Ҳамин тавр, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.