https://sputnik.tj/20250224/bonki-milli-afzoishi-amaliyothoi-bonkii-islomi-1066345559.html
Бонки миллӣ аз афзоиши гузаронидани амалиётҳои бонкии исломӣ хабар дод
Бонки миллӣ аз афзоиши гузаронидани амалиётҳои бонкии исломӣ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷумла барои гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ афзоиш ёфтааст
2025-02-24T15:39+0500
2025-02-24T15:39+0500
2025-02-24T15:39+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
исломӣ
бмт
малайзия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/18/1066346003_0:4:1025:580_1920x0_80_0_0_0c675baa5fb2c83d9985d44d952d8a89.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар мулоқот бо Сафири Малайзия дар Тоҷикистон Илҳом Туаҳ Илёс гуфт, ки муносибат миёни ҳар ду кишвар, хусусан ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ солҳои охир густариш меёбанд.Дар ин мулоқот раиси Бонки миллӣ пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ байни низоми бонкии Малайзия ва Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон иштироки сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, инчунин барои кушодани бонки фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳо дар қаламрави мамлакат пурра дастгирӣ намуда, қонунгузории кишвар дар ин самт шароити мусоид фароҳам овардааст.“Имрӯз нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар беҳтар гардида, шумораи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла барои гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ афзоиш меёбад”, - қайд кардааст раиси БМТ.Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати самаранок татбиқ намудан ва риояи стандартҳои байналмилалии бонкӣ инчунин вобаста ба баланд бардоштани иқтидори БМТ дар соҳаи танзим ва назорати ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои суғурта, татбиқи ипотекаи исломӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ ва таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани суғуртаи такафул суҳбат намуданд.Дар хотима ҳар ду ҷониб барои таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар самти рушди низоми бонкӣ ва бозори суғурта ҳавасмандӣ изҳор намуданд.
https://sputnik.tj/20230811/tolibzoda-bonkdori-islomi-nizomi-bonk-tasir-musbi-1058783960.html
малайзия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/18/1066346003_124:0:900:582_1920x0_80_0_0_221c4391391f33e6a9f74bec27218bcb.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, малайзия, бонкдории исломӣ, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, бонки миллӣ, малайзия, бонкдории исломӣ, ҳамкорӣ, равобит
Бонки миллӣ аз афзоиши гузаронидани амалиётҳои бонкии исломӣ хабар дод
Шумораи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷумла барои гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар мулоқот бо Сафири Малайзия дар Тоҷикистон Илҳом Туаҳ Илёс гуфт, ки муносибат миёни ҳар ду кишвар, хусусан ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ солҳои охир густариш меёбанд.
Дар ин мулоқот раиси Бонки миллӣ пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ байни низоми бонкии Малайзия ва Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон иштироки сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, инчунин барои кушодани бонки фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳо дар қаламрави мамлакат пурра дастгирӣ намуда, қонунгузории кишвар дар ин самт шароити мусоид фароҳам овардааст.
“Имрӯз нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар беҳтар гардида, шумораи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла барои гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ афзоиш меёбад”, - қайд кардааст раиси БМТ.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати самаранок татбиқ намудан ва риояи стандартҳои байналмилалии бонкӣ инчунин вобаста ба баланд бардоштани иқтидори БМТ дар соҳаи танзим ва назорати ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои суғурта, татбиқи ипотекаи исломӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ ва таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани суғуртаи такафул суҳбат намуданд.
Дар хотима ҳар ду ҷониб барои таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар самти рушди низоми бонкӣ ва бозори суғурта ҳавасмандӣ изҳор намуданд.