https://sputnik.tj/20250302/raisi-kmir-intikhobot-parlumoni-barguzorshuda-elon-1066416651.html
Раиси КМИР интихоботи парлумониро баргузоршуда эълон кард
Раиси КМИР интихоботи парлумониро баргузоршуда эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раҳбари КМИР интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд
2025-03-02T12:50+0500
2025-03-02T12:50+0500
2025-03-02T12:52+0500
интихоботи парлумонӣ дар тоҷикистон-2025
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/85/1030798561_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d8cdf13b5ca6c8d68b97c127c80b0d02.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд. Дар ин бора Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, эълон кард, ки ҳузури шаҳрвандони кишвар дар ин мақракаи сиёсӣ аз 59% гузашт.Манбаъ зикр кардааст, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.Дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихоботй ва 3513 нуқтаи овоздиҳӣ ташкил карда шудааст.Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.Маврид ба зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 нафар вакил интихоб мешавад.Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ 229 нозири байналмилалӣ ҳузур доранд, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.Ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 вакил-41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мегарданд.
https://sputnik.tj/20250302/rahmon-dar-intikhoboti-parlumoni-ovoz-dod-1066415349.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/85/1030798561_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_8c79d825b6ea754f6fce6f0958378b42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис кмир интихобот парлумонӣ баргузоршуда эълон
раис кмир интихобот парлумонӣ баргузоршуда эълон
Раиси КМИР интихоботи парлумониро баргузоршуда эълон кард
12:50 02.03.2025 (Навсозишуда: 12:52 02.03.2025) Ба гуфтаи раҳбари КМИР интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд.
Дар ин бора Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, эълон кард, ки ҳузури шаҳрвандони кишвар дар ин мақракаи сиёсӣ аз 59% гузашт.
"Соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ (10:00 бо вақти Маскав) дар тамоми 3513 ҳавзаи интихоботии ҷумҳурӣ 59% интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд, ки ин шумора беш аз нисфи шумораи умумии интихобкунандагон буда, интихобот баргузоршуда ҳисобида мешавад", - гуфт раиси комиссия.
Манбаъ зикр кардааст, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.
Дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихоботй ва 3513 нуқтаи овоздиҳӣ ташкил карда шудааст.
Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Маврид ба зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 нафар вакил интихоб мешавад.
Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ 229 нозири байналмилалӣ ҳузур доранд, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.
Ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 вакил-41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мегарданд.