https://sputnik.tj/20250302/rahmon-dar-intikhoboti-parlumoni-ovoz-dod-1066415349.html
Раҳмон дар интихоботи парлумонӣ овоз дод
Раҳмон дар интихоботи парлумонӣ овоз дод
Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи палатаи поёнии парлумони кишвар рӯзи 2 март соати 06:00 оғоз шуда, қитъаҳои интихоботӣ дар Душанбе то соати 20:00 кор мекунанд
2025-03-02T11:43+0500
2025-03-02T11:43+0500
2025-03-02T11:43+0500
интихоботи парлумонӣ дар тоҷикистон-2025
дар тоҷикистон
интихоботи парлумонӣ
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/02/1066413833_126:134:1184:729_1920x0_80_0_0_a1f6b3ac231a82f08959ec6a5323dcdd.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи палатаи поёнии парлумони кишвар овоз дод. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад. Раҳбари Тоҷикистон субҳи имрӯз ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф овард.Бар асоси қонун, Раҳмон баргаи раъй гирифта, дар ҳузури нозирони байналмилалӣ ба ҷонибдории номзади арзанда раъйи худро дод.Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки интихобот дар Тоҷикистон дар фазои ором ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ ҷараён дорад ва мардум озодона ба ҷонибдорӣ аз номзадҳо ва аҳзоби гуногун овоз медиҳанд. Бояд гуфт, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 нафар вакил интихоб хоҳад шуд.Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҷараёни интихоботи порлумониро 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.
https://sputnik.tj/20250302/tojikiston-intikhobot-palata-poyon-parlumon-1066413079.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/02/1066413833_173:130:1094:820_1920x0_80_0_0_e923414b3128dc427f217ad89cb18127.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон интихобот парлумон овоз
раҳмон интихобот парлумон овоз
Раҳмон дар интихоботи парлумонӣ овоз дод
Интихоботи палатаи поёнии парлумони кишвар рӯзи 2 март соати 06:00 оғоз шуда, қитъаҳои интихоботӣ дар Душанбе то соати 20:00 кор мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи палатаи поёнии парлумони кишвар овоз дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Раҳбари Тоҷикистон субҳи имрӯз ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф овард.
Бар асоси қонун, Раҳмон баргаи раъй гирифта, дар ҳузури нозирони байналмилалӣ ба ҷонибдории номзади арзанда раъйи худро дод.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки интихобот дар Тоҷикистон дар фазои ором ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ ҷараён дорад ва мардум озодона ба ҷонибдорӣ аз номзадҳо ва аҳзоби гуногун овоз медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 нафар вакил интихоб хоҳад шуд.
Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҷараёни интихоботи порлумониро 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.