https://sputnik.tj/20250302/tojikiston-intikhobot-palata-poyon-parlumon-1066413079.html
Дар Тоҷикистон интихоботи палатаи поёнии парлумон шурӯъ шуд
Дар Тоҷикистон интихоботи палатаи поёнии парлумон шурӯъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қитъаҳои интихоботӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд 02.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-02T09:30+0500
2025-03-02T09:30+0500
2025-03-02T09:30+0500
дар тоҷикистон
интихобот
парлумон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/99/1030799986_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_0b00d4f32f41783d2d069139e18f834a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафтумин интихоботи палатаи поёнии парлумон ва мақомоти маҳаллии қонунгузор оғоз шуд. Участкаҳои интихоботӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд. Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар беш аз 3,5 ҳазор қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунад. Илова бар ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд, метавонанд дар намояндагиҳои хориҷии ҷумҳурӣ овоз диҳанд. Аз ҷумла, дар 30 кишвари ҷаҳон дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон 39 қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунад. Дар Русия дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои раъйдиҳӣ барои муҳоҷирони тоҷик боз шудааст.Қобили зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 нафар вакил интихоб шудаанд. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар давоми 24 соати ба охир расидани овоздиҳӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон мекунад. Натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонӣ то ду ҳафта маълум хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20250301/noziron-baynalmilal-omodagi-tojikiston-intikhobot-arzyobi-kardand-1066406615.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/99/1030799986_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_a7e7ee22d90cf88cb0669fb8178fdc24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, интихобот, парлумон, сиёсат
дар тоҷикистон, интихобот, парлумон, сиёсат
Дар Тоҷикистон интихоботи палатаи поёнии парлумон шурӯъ шуд
Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қитъаҳои интихоботӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафтумин интихоботи палатаи поёнии парлумон ва мақомоти маҳаллии қонунгузор оғоз шуд.
Участкаҳои интихоботӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар беш аз 3,5 ҳазор қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунад. Илова бар ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд, метавонанд дар намояндагиҳои хориҷии ҷумҳурӣ овоз диҳанд.
Аз ҷумла, дар 30 кишвари ҷаҳон дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон 39 қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунад.
Дар Русия дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои раъйдиҳӣ барои муҳоҷирони тоҷик боз шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 нафар вакил интихоб шудаанд. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар давоми 24 соати ба охир расидани овоздиҳӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон мекунад. Натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонӣ то ду ҳафта маълум хоҳад шуд.