Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 баргузор мегардад

Нозирони ИДМ то ҳол қонуншиканӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистонро сабт накардаанд

© Foto / Исполком СНГГлава Миссии наблюдателей Л.Анфимов побывал на участках для голосования в городах Гиссар и Турсунзаде
Глава Миссии наблюдателей Л.Анфимов побывал на участках для голосования в городах Гиссар и Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2025
Обуна шудан
Нозирони ИДМ то ҳол ягон ҳолати қонуншиканӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистонро сабт накардаанд ва ба ҷараёни баргузории он баҳои баланд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Аъзои ҳайати нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, то ҳол ягон қонуншиканиро сабт накардаанд.
Дар ин бора роҳбари намояндагӣ, муовини аввали дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов зимни боздид аз яке аз қитъаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Овоздиҳӣ рӯзи якшанбе аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.

"Бар асоси мушоҳидаҳое, ки нозирони мо ҳангоми боздид аз ҳавзаҳои интихоботӣ ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни омодагии онҳо ва субҳи имрӯз бо бисёре аз онҳо дар ифтитоҳ дидан карданд ҳеҷ гуна эрод ва шикояте надорем. Фикр мекунам, ки наҳода буд", - гуфт Анфимов дар посух ба суоли дахлдор.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳайати ИДМ дар маросими ифтитоҳ ҳудуди 100 қитъаи раъйдиҳӣ дидан карданд ва шахсан ӯ қасд дорад то охири рӯз аз 10 қитъаи интихоботӣ боздид кунад.
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2025
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Раиси КМИР интихоботи парлумониро баргузоршуда эълон кард
"Мехоҳам бигӯям, ки ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба раванди овоздиҳӣ хеле хуб омода шудаанд ва худи овоздиҳӣ хеле фаъол аст. Мо бо аъзоёни комиссияхои интихоботӣ, бо раисони комиссияхои ҳавзаҳо, бо интихобкунандагон суҳбат кардем. Мардум тамоми масъулиятро дарк мекунад, ки имрӯз ба дӯши онҳост: барои чӣ овоз медиҳанд, чиро интихоб мекунанд ва киро интихоб мекунанд”, - афзуд Анфимов.
Раҳбари ҳайъати нозирони ИДМ муътақид аст, ки ниҳоди қонунгузор, ки бар асоси натоиҷи раъйдиҳӣ интихоб мешавад, бештар рушди ояндаи Тоҷикистонро муайян мекунад ва бо мақомоти иҷроия - пеш аз ҳама бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ҳамкории зич хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0