https://sputnik.tj/20250301/hukumat-sozishnoma-tojikistonu-rusiya-tasisi-parki-sanoati-qabul-1066403139.html
Ҳукумат созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таъсиси парки саноатиро қабул кард
Ҳукумат созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таъсиси парки саноатиро қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон чанд масъалаи муҳим аз ҷумла созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ баррасӣ шуд
2025-03-01T10:24+0500
2025-03-01T10:24+0500
2025-03-01T10:24+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
маҷлиси ҳукумат
созишнома
русия
порк
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1c/1066401825_0:212:2048:1364_1920x0_80_0_0_d6ed185930045d2eddae7c64c9cc2a70.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумат таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ баррасӣ ва қабул шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар маҷлис ҳамчунин стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 гузориши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд.Ба гуфтаи вазири тоҷик стратегияи миллӣ ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот мусоидат мекунад ва барои иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот замина мегузорад.Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур супориш дод, ки вазорати маориф ва илм, идораҳои дахлдор ва мақомотҳои маҳаллӣ барои амалисозии стратегияи мазкур ва бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳа тадбирҳои мушаххас андешида.“Ҳамасола то 1 феврал ба ҳукумати Тоҷикистон маълумот диҳед”, супориш дод Раҳмон.Дар идомаи маҷлис Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Тоҷикистон ва Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда баррасӣ шуд.Қайд карда шудааст, ки барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ин идома додани корҳои зарурӣ, муайян намудани иншооти зарардида ва ба пуррагӣ безарар ва солим гардонидани мавзеъҳои аз истеҳсолоти коркарди уран зиёндида дар ҷумҳурӣ мебошад.Инчунин барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 бошад, бо мақсади фароҳам овардани шароит ва муҳайё намудани имконият барои ба касбомӯзию шуғл фаро гирифтани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда таҳия гардидааст.Гуфта шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро ва татбиқи амалии нақшаву барномаҳои номбурда ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дод.Дар маҷлис Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди бахшҳои гуногуни соҳаи саноат, аз ҷумла саноати куҳӣ, нассоҷӣ, афзун намудани коркарди ватании канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти кишоварзӣ, бо роҳи зиёд кардани иқтидорҳои иловагии тавлиди неруи барқ, аз ҷумла аз манбаъҳои неруи “сабз” таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ ба масъулин супоришҳо додааст.Ҳамчунин вобаста омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо дод.
https://sputnik.tj/20250228/rahmon-khayru-savob-mohi-ramazon-khosiyat-1066395648.html
https://sputnik.tj/20250228/rahmon-arzishho-milli-farhangi-etiqodii-hifz-1066392924.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1c/1066401825_115:0:1934:1364_1920x0_80_0_0_b9c49bfbefe25164178d4d728b9b943c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳкумат, тасдиқ, парки саноатӣ, русия, созишнома, эмомалӣ раҳмон, маҷлис, ҳукумат
тоҷикистон, ҳкумат, тасдиқ, парки саноатӣ, русия, созишнома, эмомалӣ раҳмон, маҷлис, ҳукумат
Ҳукумат созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таъсиси парки саноатиро қабул кард
Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон чанд масъалаи муҳим, аз ҷумла созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумат таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ баррасӣ ва қабул шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷлис ҳамчунин стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 гузориши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд.
Ба гуфтаи вазири тоҷик стратегияи миллӣ ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот мусоидат мекунад ва барои иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот замина мегузорад.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур супориш дод, ки вазорати маориф ва илм, идораҳои дахлдор ва мақомотҳои маҳаллӣ барои амалисозии стратегияи мазкур ва бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳа тадбирҳои мушаххас андешида.
“Ҳамасола то 1 феврал ба ҳукумати Тоҷикистон маълумот диҳед”, супориш дод Раҳмон.
Дар идомаи маҷлис Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Тоҷикистон ва Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда баррасӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ин идома додани корҳои зарурӣ, муайян намудани иншооти зарардида ва ба пуррагӣ безарар ва солим гардонидани мавзеъҳои аз истеҳсолоти коркарди уран зиёндида дар ҷумҳурӣ мебошад.
Инчунин барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 бошад, бо мақсади фароҳам овардани шароит ва муҳайё намудани имконият барои ба касбомӯзию шуғл фаро гирифтани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда таҳия гардидааст.
Гуфта шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро ва татбиқи амалии нақшаву барномаҳои номбурда ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Дар маҷлис Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди бахшҳои гуногуни соҳаи саноат, аз ҷумла саноати куҳӣ, нассоҷӣ, афзун намудани коркарди ватании канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти кишоварзӣ, бо роҳи зиёд кардани иқтидорҳои иловагии тавлиди неруи барқ, аз ҷумла аз манбаъҳои неруи “сабз” таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ ба масъулин супоришҳо додааст.
Ҳамчунин вобаста омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо дод.