Раҳмон: Мо бояд арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии худро ҳифз намоем

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошед, ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид кард, ки ҳар кас, ки дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон бо нияти пок заҳмат мекашад ва киштукор мекунад, на танҳо ризқи худ ва аҳли оилаашро таъмин месозад, балки ба ҷомеа низ манфиати зиёд мерасонад.
“Моро зарур аст, ки забони покиза ва муомилаи нек бо ҳамсояҳо, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба калонсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон зикр кард, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки ба инсоният буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҳдид менамоянд, мо бояд арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии худро ҳифз намоем.
“Мо бояд, пеш аз ҳама, моҳияти аслии фарҳанги исломиро дуруст дарк карда, онро аз ҳама гуна андешаҳои нодурусту хурофотӣ пок нигоҳ дорем ва дар роҳи тарбияи инсони комил истифода барем”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ ва мафкуравӣ рӯ ба рӯ гардидааст, Тоҷикистон бояд дар доираи таълимоти воқеии исломӣ ва анъанаҳои неки миллӣ инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва ваҳдату ҳамбастагиро тарғиб намуда, ба амалу андешаҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ роҳ надиҳад.
Рамазан–2023 в Таджикистане:
расписание поста по дням - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Рамазон - 2025: тақвими рӯза
Вай аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки дар ин моҳи Рамазон ба ҳамдигар меҳрубон бошанд, ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунанд, сари ятимонро сила намоянд, бо хешу ақрабо, ҳамсояҳо, ёру дӯстон муносибати хуб дошта бошанд ва аз дилҳои худ кинаву адоватро дур намоед.
“Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он омода ва нангу номуси ватандорӣ дошта бошад ва дар ободонии сарзамини аҷдодии хеш саҳмгузор бошад, зеро тибқи фармудаи Пайғамбари ислом "муҳаббат ба Ватан аз ҷумлаи имон аст””, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0