Далер Ҷумъа: то соли 2027 ҳамаи муштариён бо ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ таъмин мешаванд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкДевушка записывает показания счетчика
Девушка записывает показания счетчика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2025
Обуна шудан
Вазири энергетика мегӯяд, дар соҳа ҳоло ҳам як қатор мушкилиҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд, ки ба раванди истеҳсол ва ҳаҷми таъминоти барқ таъсири манфӣ мерасонанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ахиран дар мусоҳиба ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт, то соли 2027 ҳамаи муштариён пурра бо ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ таъмин мешаванд ва дар нақша аст, ки талафоти барқ 9 дарсад кам карда шавад.
Ба андешаи мутахассисони Вазорати энергетика ва захираҳои об, масъалаи паст намудани талафоти неруи барқ яке аз самтҳои муҳими соҳа маҳсуб мешавад.
Вазири тоҷик қайд кард, ки аз ин рӯ, таъмини чорабиниҳо тавассути татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалкунанда ба манфиати кор арзёбӣ мегардад.
“Навсозӣ ва баланд бардоштани иқтидори неругоҳҳо, ҳамзамон, сарфаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ моро ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расонд”, - гуфт ӯ.
Далер Ҷумъа дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ беш аз 22,4 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардид, ки назар ба соли пешӣ 567,2 миллион кВт/соат ё 3 дарсад бештар аст.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2025
Вазири энергетика гуфт, кай лоиҳаи CASA-1000 ба кор медарояд
Вай афзуд, ки бо вуҷуди ин, дар соҳа ҳоло ҳам як қатор мушкилиҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд, ки ба раванди истеҳсол ва ҳаҷми таъминоти барқ таъсири манфӣ мерасонанд.
Талафоти неруи барқ то ҳанӯз дар сатҳи баланд ва ташвишовар боқӣ монда, соли гузашта дар шабакаи энергетикӣ чор миллиарду 479,7 миллион кВт/соат ё 20 дарсадро (бе назардошти воридот) ташкил дод.
“Ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта 163,2 миллион кВт/соат (1,2 дарсад) кам аст. Инчунин, сатҳи нопурраи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар бозори дохилӣ, ки дар ин давра ба 91,2 дарсад расидааст, аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаби соҳа мебошад”, - гуфт вазири энергетикаи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0