Боевая работа РСЗО Град 25 армии на Краснолиманском направлении в ЛНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: Артиши Украина барои ақибнишинӣ аз қаламрави Курск омодагӣ мегиранд

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкРабота батальонной тактической группы "Каштана" спецназа "Ахмат" в Курской области
Работа батальонной тактической группы Каштана спецназа Ахмат в Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2025
Обуна шудан
Ҷангҷӯёни украинӣ дар мавқеъҳои худ дар Судҷа ба далели кори фаъоли низомиёни Русия бе лавозимоти ҷангӣ ва ғизо мондаанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои ақибнишинӣ аз қаламравҳои ишғолкардаи вилояти Курск омодагӣ мегиранд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба манобеъи нерӯҳои амниятӣ.
Гуфта мешавад, ки бар асари фаъолияти фаъоли низомиёни Русия ҷангиёни украинӣ бо мушкилоти ҷиддии таъминоти моддӣ рӯбарӯ шудаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина масир аз Юнаковкаи вилояти Сумӣ то Суджаро, ки сарбозони рус бар болои он назорати оташнишонӣ таъсис додаанд, “роҳи марг” номидаанд.
"Агар қаблан қувваҳои мусаллаҳи Украина тавони иваз кардани ҷузъу томҳоро то як баталон (то 500 нафар) дошта бошанд, имрӯз ротатсия то рота (то 100 нафар) бо талафоти 15-20% анҷом дода мешавад", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуд,ҷангҷӯёни украинӣ дар мавқеъҳои худ дар Судҷа ба далели кори фаъоли низомиёни Русия дар масири асосии таъмини Нерӯҳои мусаллаҳи Украина Юнаковка - Суджа бе лавозимоти ҷангӣ ва ғизо монданд.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Работа батальонной тактической группы Каштана спецназа Ахмат в Курской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина дар Курск беш аз 60 ҳазор низомияшро талаф дод
Пештар Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0