Музокироти ИМА ва Русия барои Тоҷикистон чӣ маъно дорад?

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкВстреча представителей РФ и США по Украине
Встреча представителей РФ и США по Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Обуна шудан
Қатъи муноқишаи сесола метавонад даромади ҷумҳуриро аз ҳисоби пули "муҳоҷирон" афзоиш диҳад ва муносибатҳоро бо шарики асосии тиҷоратӣ соддатар кунад
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. ИМА ва Русия даври дуввуми музокироти ҳалли низои Украинаро баргузор карданд.
Маълум нест, ки ҷонибҳо паси дарҳои баста дар бораи чӣ тавофуқ кардаанд. Аммо худи далели дӯстона будани музокирот дарҳол ба рӯзномаи иқтисодӣ таъсир карда, боиси афзоиши босуръати қурби рубл ва афзоиши арзиши саҳмияҳои ширкатҳои русӣ дар бозори биржавӣ гардид.
Ва агар дар ҳақиқат ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳои наздик баъди се соли ҷанг тавофуқ ба даст ояд, он на танҳо ба тарафҳои музокирот, балки ба ҳамаи давлатҳои ИДМ, ки бо ин ва ё он равобити тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Русия алоқаманданд, бевосита таъсир хоҳад расонд.
Ва дар миёни ин кишварҳо ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон манфиати бештар хоҳад гирифт. Поёни муноқишаи Украина ба ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ чӣ таъсир хоҳад гузошт, дар ин бора дар матлаби Sputnik Тоҷикистон бихонед.

Оё дар иқтисоди Тоҷикистон пул бештар мешавад?

Ҳатто онҳое, ки аз геополитика ва соҳаи макроиқтисод дуранд, аввалин нишонаҳои мусбати музокироти ИМА ва Русияро, пеш аз ҳама ба сабаби тағйири қурби рубл, мушоҳида карданд.
Монеты в виде графика роста  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Вазорати иқтисод: Новобаста аз ду буҳрони шадиди глобалӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд кардааст
Давоми камтар аз як ҳафта қурби пули русӣ дар Тоҷикистон пас аз якуним соли поинравӣ барқарор шуда, ба нишондиҳандаи июли соли 2023 расид, ки он вақт 1000 рубл ба беш аз 123 сомонӣ баробар буд. Ва аввалин чизе, ки коршиносон дар дохили кишвар қайд мекунанд, дурнамои воридшавии назарраси пул ба ҷумҳурӣ аз ҳисоби интиқоли муҳоҷирони корӣ мебошад.
"Рубл ба зудӣ мавқеъашро барқарор карда истодааст ва қариб ба сатҳи соли 2022 расидааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки дар як ҳафта қурби рубл беш аз 12-14 банд тағйир ёфтааст, аммо ин қурби расмии Бонки марказии Русия аст. Аз ин на танҳо шаҳрвандони Русия, балки муҳоҷирони кории сершумори мо низ фоида хоҳанд гирифт, ки даромади онҳо афзоиш хоҳад ёфт", - мегӯяд коршинос Неъматулло Мирсаидов.
Ҳарчанд дар соли 2023 воридоти пул ба Тоҷикистон маблағи рекордии барои ҷумҳурӣ - 5,7 миллиард доллар (6,6% бештар аз нишондоди қаблии соли 2022) ташкил кард, соли оянда ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба таври қобили мулоҳиза, ҳам аз ҳисоби бозгашти даҳҳо ҳазор тоҷикон ба ватан ва ҳам бар асари поин рафтани назарраси қурби рубл коҳиш ёфт.
Бо вуҷуди ин, ҳатто афзоиши назарраси феълии қурби рубл дар баробари сомонӣ ба вуруди маблағ ба ҷумҳурӣ дар охири моҳҳои феврал ва моҳи март ба таври қобили мулоҳиза таъсир мерасонад. Ва агар воқеан созишномаи сулҳ дар бораи Украина дар ояндаи наздик ба имзо расад, пас дар соли 2025 ҳаҷми пуле, ки Тоҷикистон аз муҳоҷирон аз Русия мегирад, ба нишондиҳандаҳои соли 2023 наздик мешавад.
Заглушка к инфографике - Типы экономик в странах Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2024
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кадом шаклҳои иқтисод бартарӣ доранд?
Мирсаидов қайд мекунад, ки "бешубҳа шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ин баҳра хоҳанд бурд, зеро даромади муҳоҷирони корӣ, ки ҳоло сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад, метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад."

Муносибат ба муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт?

Аммо бозгашти зуд ба рақамҳои қаблиро набояд интизор шуд, зеро бисёре аз тоҷиконе, ки дар солҳои 2022-2024 ба ватан баргаштаанд, ё аллакай кор ёфтаанд ва ё муддате мунтазир хоҳанд шуд, ки ба суботи вазъ дар Русия ва афзоиши даромади ҳамватанон дар он ҷо боварӣ ҳосил кунанд.
Ин пеш аз ҳама ба коргарони соҳаи сохтмон дахл дорад, ки он яке аз бахшҳои муҳоҷирталаби иқтисоди Русия мебошад.
"Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ сохтмони иншоотҳои мухталиф дар авҷ аст. Дар ҷумҳурии мо бинокорони соҳибихтисос ва коргарони оддӣ намерасанд. Чи дар сохтмони манзил ва ҳам дар иншоотҳои азим, ба мисли неругоҳи барқи обии Роғун. Аз ин рӯ, якбора рафтани ҳазорҳо нафарро интизор набояд шуд, ки ҳама якҷоя ба муҳоҷират мераванд", - мегӯяд доктори илмҳои иқтисод, профессор Рахмон Улмасов.
Заседание правительства Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2024
Дастури Раҳмон ба вазири иқтисод дар бораи таҳияи лоиҳаи дурнамои рушд
Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи ӯ, поёни низоъ боиси авҷи сохтмон ва эҳёи инфрасохтор дар ҳарду кишвар мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки дар соҳаи бинокорӣ назар ба 2—3 соли охир ниёз ба коргарон бештар хоҳад шуд.
Ва эҳтиёҷ ба кадрҳо метавонад гуфтугузорҳои зиддимуҳоҷирини як идда сиёсатмадорон, бахусус вакилони алоҳидаи Думаи Давлатиро, ки дар солҳои охир дар бораи коргарони кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳороти хеле пурсарусадо медоданд, коҳиш диҳад.
"Агар онҳо ақл дошта бошанд, агар Русияро дӯст медоранд, бояд аз суханрониҳои зидди муҳоҷирон даст кашанд. Ва онҳое, ки баръакси кор мекунанд, метавон онҳоро тахрибкор ва хиёнаткор нисбати ватани худ номид", - таъкид кард Улмасов.

Тиҷорати Русияву Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Натиҷаи дигари мусбати музокироти Маскаву Вашингтон метавонад лағви қисман ё пурраи таҳримҳои Ғарб бошад, ки шуморе аз мақомоти баландпоя ва намояндагони ширкатҳои бузург аллакай дар бораи он ҳарф мезананд.
Барои равобити тиҷории Русия ва Тоҷикистон (дар он соҳибкорон ҳангоми воридот ва содироти маҳсулоти таҳримшуда истифода бурдани контрагентҳоро ёд гирифтаанд), ин маънои содда кардани гардиши мол ва аз байн бурдани монеаҳо ва миёнаравҳои нолозимро дорад. Ин бешубҳа ба иқтисоди ҳарду кишвар такони хуб медиҳад.
Ягона таъсири манфӣ барои Тоҷикистон метавонад болоравии нархи харид барои воридкунандагон дар пасманзари таҳкими қурби рубл бошад.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Вазири иқтисод: даромади тоҷикистониҳо 113 баробар зиёд шуд
Агар дар бораи воридоти маводи сӯхт ва маводи нафтӣ, ки Русия таъминкунандаи аслии Тоҷикистон аст, сухан гӯем, пас бо вуҷуди нигарониҳои интиқолдиҳандагон ва намояндагони бахши нақлиёт, ҳатто дар ин сурат ҳам таъминкунандагони русӣ эҳтимол талош хоҳанд кард, то аз болоравии нархҳо тавассути тахфифҳои қобили мулоҳиза ҷилавгирӣ кунанд.
Ҳадди ақал тайи ду соли ахир дар мулоқотҳои муҳим дар сатҳи раҳбарони ҳукумат ва вазирони вазоратҳои дахлдор борҳо таъкид шудааст, ки Русия омода аст бо Тоҷикистон дар масъалаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ мусоидат кунад.
Ба гуфтаи коршиносон, болоравии эҳтимолии нарх танҳо ба як қатор маҳсулоти ғизоӣ таъсир мерасонад. Аммо ин ҳам бартариҳои худро дорад, ҳадди ақал барои бахши кишоварзии Тоҷикистон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки метавонанд бо дигар таъминкунандагони хориҷӣ дар бозори Русия рақобати муассиртар кунанд.
Лентаи хабарҳо
0