Аҳмадзода боз раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд интихоб шуд

© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода был избран председателем Федерации футбола Согдийской области
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода был избран председателем Федерации футбола Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Обуна шудан
Дар ҷаласаи ахири Федератсияи футболи вилояти Суғд раис муовинон ва ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Суғд тасдиқ гардиданд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Тавре раиси вилояти Суғд дар дар ҷараёни конференсия қайд кард, ки футбол ҳамчун яке аз намудҳои маъруфи варзиш дар кишвар сол то сол рушд намуда, мавқеи устувор пайдо кардааст.
Дар рафти конференсия бо ҷонибдории вакилон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, Аҳмадов Илҳомҷон ба вазифаи муовини аввали раиси Федератсия, ва Марофиев Рустам ба ҳайси муовини раиси Федератсия интихоб шуданд.
Ҳамзамон, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилоят тасдиқ гардид.
Дар фарҷоми конференсия Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро вазифадор намуд, ки барои рушди минбаъдаи футбол дар вилоят, дастгирии дастаҳои маҳаллӣ, беҳтар нигоҳ доштани варзишгоҳҳо ва амалӣ намудани барномаҳои рушди футбол тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Кубок Азии по футболу 2031 года  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2025
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мехоҳанд мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол шаванд
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) чанде пешхабар дод, ки Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил хоҳад кард.
“Имсол Рӯзи ҷаҳонии футбол давоми як ҳафта – аз 19 то 25 май таҷлил мешавад. Дар ин рӯзҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳои идонаи футбол баргузор мешаванд”, - иттилоъ додааст ФФТ.
Ҳаммчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҷашнвораи асосии футбол рӯзи 25 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ширкати беш аз 500 кӯдак доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 7-уми майи соли гузашта Ассамблеяи генералии СММ бо қабули қатънома 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Лентаи хабарҳо
0